27 Январь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар асоси супориши роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо таъсиси гуруҳи корӣ дар ҳудуди бозори марказии “Панҷшанбе” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Гуруҳи корӣ иборат аз кормандони мақомоти милитсия, маркази санитарию эпидемологӣ, масъулини ободонӣ, зидди сӯхтор, фаъолон ва дигар масъулин амал намуда, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани бозор, бартараф намудани дӯконҳои ғайриқонунӣ, савдои кӯчагӣ, пешгирии садаманокӣ ва ҳолати сӯхтор, вазъи санитарӣ, маданияти бозордорӣ таваҷҷуҳи махсус намуда, якчанд қонуншиканиҳоро ошкор ва ба масъулини далхдор ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳо доданд.
Таъкид шуд, ки бозор инъикосгари маданияту фарҳангдории ҳар як шаҳр ва бозгӯяндаи вазъи зиндагии сокинон аст. Ин аст, ки ҳамеша ба вазъи босуботи бозор, ободонии атрофи он ва вазъи санитарии он таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







