27 Январь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар асоси нақшаи муштараки чорабиниҳои сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд ҷиҳати таҳкими рушди иҷтимоӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва густариши робита бо ҷомеа, мулоқоти судманд байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва сокинони маҳаллаи "Шарқ" баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории мулоқот шарҳу тавзеҳи сиёсати иҷтимоии давлат, баррасии масъалаҳои мубрами рӯз, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа, инчунин ҷалби шаҳрвандон ба ҳаёти фаъоли иҷтимоӣ маҳсуб меёфт.
Дар ҷараёни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд М. Ҳаитов, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои Дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд М. Раҷабов, сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр Султон Ғафуров ва намояндаи ходимони дин баромад намуда, оид ба масъалаҳои муҳим ибрози андеша карданд.
Зимни суханрониҳо таваҷҷуҳи ҳозирин ба мавзӯъҳои таъмини шуғли аҳолӣ, дастгирии иҷтимоии қишрҳои ниёзманд, нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа, риояи қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ омили муҳими суботу пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми мулоқот сокинони маҳалла саволҳои худро пешниҳод намуда, оид ба масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ, шуғл, хизматрасониҳои давлатӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа посухҳои мушаххас гирифтанд. Чунин вохӯриҳо ҳамчун василаи муҳими таҳкими эътимод байни давлат ва ҷомеа арзёбӣ гардида, баргузории онҳо дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







