26 Январь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз дар толори Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд маросими оғози расмии супоридани туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ баргузор шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни тақдими нусхаҳои аввали китоби безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба аҳли илму адаб аз ҷумла таъкид дошт, ки туҳфаи ин асари нотакрор ба ҳар хонадон иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани хештаншиносӣ ва ҳувияти миллии сокинон ба ҳисоб меравад.
Таъкид шуд, ки «Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Агар мо бихоҳем, ки дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро ҷовидон зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳама андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал намоем, барои оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем».
Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзода зикр дошт, ки «Шоҳнома» ҳамчун бузургтарин ёдгории таърихию адабии ҷаҳони тоҷику форс давоми ҳазорсолаи охир манбаи илҳом, худшиносӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ гардидааст. Ин асари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо забони хирад, далерӣ ва ватандӯстӣ таърихи пурифтихори ниёгони моро ба наслҳои нав меомӯзонад ва онҳоро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ мекунад.
Фаъолон ва собиқадорони шаҳри Хуҷанд иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо руҳияи баланди ватандӯстона истиқбол намуда, миннатдории самимии худро ба Сарвари давлат баён намуданд.Бо эҳсоси ифтихор изҳор доштанд, ки ин иқдоми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи руҳияи ватандӯстӣ нақши муҳим мегузорад. Иброз намуданд, ки тақдими китобҳои арзишманд, бахусус осори классикӣ ба рушди маърифати китобхонӣ ва болоравии сатҳи фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки 46 067 оилаи шаҳри Хуҷанд ду ҷилд «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро метавонанд аз 22 адад кумитаи маҳаллаҳои шаҳр дастрас намоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







