26 Январь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо рафти ҷараёни сохтмони маҷмааи истиқоматию хизматрасонии «Тавҳид Молл», ки аз ҷониби ширкати “Тоҷсохтмон” бунёд шуда истодааст, шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи “Тавҳид Молл”, аз 14 то 22-ошёна мешавад ва аз 374 адад ҳуҷраҳои истиқоматӣ бо масоҳатҳои гуногун бо ороиши миллию муосир сохта шуда истодааст. Маҷмаа аз 3 адад биноҳои истиқоматии баландошёна иборат буда, дар ошёнаи аввал марказҳои савдо, хизматрасонӣ ба масоҳати 10 000 метри мураббаъ, меҳмонхона аз 6 ошёна иборат мебошад, дар назди биноҳо майдонча барои бозии бачагон, ҷои дамгирии калонсолон, боғчаи бачагона ва дар зери онҳо таваққуфгоҳи нақлиёти сабукрав барои 200 адад муқаррар шудааст.
Меҳмонхона аз 50 ҳуҷра иборат мебошад, ки аз он 10 адад VIP-ҳуҷра буда, барои мизоҷони меҳмонхона, лифтҳои алоҳидаи баландсуръат ба истифода дода мешавад. Дар меҳмонхона толори маҷлис барои 60 нафар ва толори конфронс барои 120 нафар, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ бо масоҳати 150 метри мураббаъ, толори машқ, спа-комплекс, конфронс зал, ҳаммоми туркӣ бо буғи хушк ва тар, ҷой барои дамгирии калонсолон, комплекси масҳ, толори базм ба инобат гирифта шудааст.
Айни замон 70 дарсади корҳои дар маҷмаа ба анчом расидааст.
Сохтмони иншоот, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати "Тоҷсохтмон" оғоз ёфта буд, бо суръати баланд ва тибқи меъёрҳои муқарраршуда идома дорад.
Бояд қайд намуд, ки ширкати ватании «Тоҷсохтмон» яке аз ширкатҳои фаъол ва боэътимод буда, дар бунёди иншооти истиқоматии муосир ва татбиқи ташаббусҳои иҷтимоӣ саҳми назаррас мегузорад.
Ширкат беш аз ҳафт сол инҷониб бо муваффақият фаъолият намуда, дар бунёди маҷмааҳои истиқоматӣ ва биноҳои баландошёна таҷрибаи калон дорад. Фаъолияти ширкат ба сохтмони манзилҳои наву замонавӣ равона гардида, хонаҳо бо сифати баланд, мутобиқ ба меъёрҳои сохтмонӣ барои зиндагии бароҳат омода мешаванд.
Айни ҳол сокинон имконият доранд, ки дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳр, аз ҷумла маҳаллаҳои 8, 12, 13, 17, 18, 19, 20, маҳаллаи «Пахтакор» ва маркази шаҳр манзилҳои зебо ва бароҳатро харидорӣ намоянд.
Ширкати «Тоҷсохтмон» дар бунёди иншооти иҷтимоӣ низ саҳм мегузорад. Аз ҷумла, бинои нави гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд пурра аз ҷониби ширкат бо тарҳу усули муосир сохта шуда, бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ ба истифода дода шуд.
Бо дарназардошти таҷриба, имкониятҳо ва муносибати ҷиддӣ ба сифати кор метавон гуфт, ки ширкати «Тоҷсохтмон» имрӯз ҳамчун ширкати боэътимод ва ташаббускор дар соҳаи сохтмон шинохта шуда, дар беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ саҳми назаррас мегузорад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







