24 Январ 2026
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар қаламрави шаҳр аксияи иҷтимоии «Қаҳваи гарм барои дастони заҳматкаш» баргузор карда шуд.
Дар доираи ин иқдоми хайриявӣ ризокорон субҳи содиқ ба кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд баромада, дар шароити ҳавои сард ба тозакорони шаҳр қаҳваи гарм ва шириниҳо тақсим намуданд. Ҳадафи асосии аксия изҳори эҳтиром ва дастгирии маънавии он нафароне мебошад, ки аз саҳари барвақт барои тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр заҳмат мекашанд.
Тозакорон аз чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити сулҳу субот, оромии ҷомеа ва дастгирии табақаҳои гуногуни аҳолӣ арзи сипосу шукрона баён карданд.
Зимни баргузории аксия масъулин ҳамчунин аз сокинон ва меҳмонони шаҳр даъват ба амал оварданд, ки ба масъалаи тозагии муҳити зист ва ҳифзи ободии шаҳр бетараф набошанд, қоидаҳои санитариро риоя намуда, дар нигоҳдории тозагии кӯчаю маҳаллаҳо саҳмгузор бошанд.
Қайд гардид, ки чунин иқдомҳои иҷтимоӣ, аксияҳои хайриявӣ ва шанбегиҳо дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд минбаъд низ пайваста идома ёфта, барои таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







