23 Январ 2026
Субҳи имрўз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори раёсати сармоягузорӣ ва амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов, муовини аввали Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои шаҳрдорӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолон ҷаласаи ҷамъбастии нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2025 баргузор гардид.
Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи фаъолонро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2025 баррасӣ гардида, вазифаҳо барои соли 2026 муайян карда мешаванд.
Сипас, Ҷамшед Набизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2025 маълумоти муфассал дода аз ҷумла афзуд, ки дар ин давра Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои босифату саривақтии дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бармеоянд, инчунин супоришҳои Раиси вилоят, Раҷаб Аҳмадзода чораҳои амалӣ андешид.
Иттилоъ дода шуд, ки шаҳри Хуҷанд, яке аз шаҳрҳои калонтарини саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаҷми умумии маҳсулотҳои дар вилоят истеҳсолшаванда заминаи устувор мегузорад. Дар натиҷаи чораҳои судманди андешидашуда сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии беруна дар ин давра 32 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва дорои 185 адад ҷойи корӣ, бо ҷалби 36,5 миллион сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода шуда, миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 325 адад расонида шуд.
Инчунин, ин нишондиҳанда ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми маҳсулотҳои истеҳсолгардидаистода дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, барои тақвияти соҳа, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ заминаи босазо гузошта истодааст.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 2 млрд. 145,4 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 120,3 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Аз миқдори умумии маҳсулотҳои истеҳсолшуда ба маблағи 461,2 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷи дуру наздик содирот карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 50,5 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, 112,3 фоизро ташкил дода, он барои рушду такомули ин соҳаи реалии иқтисодиёт заминаи босазо гузошта истодааст.
Дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда зиёд шуда, дар ин давра аз ҷониби 125 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 1 млрд. 20,8 миллион сомонӣ чунин маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 133,6 миллион сомонӣ зиёд ё 115,1 фоизро ташкил додааст.
Дар ин давра аз шумораи умумии маҳсулотҳои истеҳсолшуда 113 номгўи маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум зиёда аз 100,0 фоиз таъмин шудааст.
Дар масъалаҳои шуғлнокии ин соҳа низ пешравиҳо ба назар расида, шумораи кормандон нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 645 нафар ё 9,6 фоиз зиёд шуда, музди миёнаи маоши кормандони соҳа нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 179,0 сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Дар раванди татбиқи сиёсати иҷтимоии кишварамон ҳамчун ҳадафҳои меҳварӣ, барои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволӣ, дар арафаи иду ҷашнҳои давлатӣ 8948 оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимони кулл, тарбиятгирандагони хона интернатҳо ва дигар ниёзмандон аёдат карда шуда, дар арафаи идҳо дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ ва комендатураи ҳарбӣ аз тарафи саховатмандон ва соҳибкорон дастархони идона ороста шуда, барномаҳои консертӣ ташкил карда шуд.
Ҷиҳати иҷрои “Барномаи ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” бо ҷалби маблағҳои махсуси муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорон ва шахсони алоҳида дар 86 синфхонаҳои компютерии муассисаҳои таълимӣ, дар давоми сол 115 адад компютер, принтер 10 адад, проэктор 10 адад ва 6 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шудааст.
Дар муассисаҳои таълимӣ 87 адад синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ мавҷуд буда, дар он 2 633 адад компютер, 368 адад принтер, 381 адад тахтаи электронӣ ва 451 адад проектор мавҷуд мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ даври вилоятии Озмуни “Мураббии сол” Парвина Абдураҳмонова, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №3, ғолиби даври шаҳрӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Омўзгори соли Тоҷикистон” гардида, Нодира Шодиева, омўзгори фанни забони давлатии МТМУ Руссияю Тоҷикистон ба номи А. П.Чехов ва ҳамчунин дар озмуни “Хонандаи сол-2025” хонандаи синфи 10-и Литсейи назди донишгоҳи политехникӣ Мухлиса Комилҷонова мақоми ҷойи аввалро ба даст оварданд.
Дар ҷараёни маҷлис муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, муовинони Раиси шаҳр, масъулини дахлдор аз фаъолияти хеш дар ин давра ҳисобот доданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни пурсиш аз масъулини дахлдор доир ба бурду бохти шаҳрдорӣ таҳлилҳои амиқ намуда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мавзуъҳои меҳрварии ҷаласаи ҷамъбастӣ корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими худшиносию худогоҳӣ байни мардум, рушди соҳаҳои тиббу маориф, беҳтарнамоии хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, афзун намудани ҷойҳои нави корӣ ва ғайраҳо буданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори раёсати сармоягузорӣ ва амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов дар маҷлиси фаъолон баромад намуда, фикру андешаҳои хешро баҳри боз ҳам суръатбахшии корҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд баён доштанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба нишондиҳандаҳои хоҷагии халқ дар соли сипаришударо натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ маҳз бо иштироки фаъолонаи вакилон, соҳибкорон, ташаббускорон ва масъулини соҳаҳои мухталиф ба натиҷаҳои назарраси нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр ноил гардидем.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар соли ҷорӣ низ, кулли сокинон бо ҳисси баланди ватандорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода боз ҳам корҳои ободониву созандагиро бо заҳмати софдилона пеша намуда, барои муҳайё сохтани зиндагии арзанда саҳми босазо мегузоранд.
Сипас, як қатор озмунҳои шаҳрдорӣ, аз қабили “Маҳаллаи беҳтарин”, “Кӯчаи беҳтарин”, “Хонаи баландошёнаи беҳтарин”, “Ҳавлии беҳтарин” натиҷагирӣ ва ғолибон қадршиносӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







