22 Январ 2026
Дар муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандони шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ вобаста ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор” ҷаласа баргузор шуд.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Мадина Салимзода роҷеъ ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» маълумот дода аз ҷумла афзуд, ки ин ҳуҷҷати ҳамоҳанг вазъи ҳуқуқӣ, кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳимояро танзим намуда, ҳавасмандии рушди касбиро бозгӯ мекунад.
Қонун вазъи ҳуқуқии омӯзгор, кафолатҳо, дахлнопазирии фаъолият, таълим ва ҷанбаҳои ниҳоиро дар бар мегирад. Мақсади он таъмини иҷрои самараноки ӯҳдадориҳо тавассути эҳтироми ҳуқуқ ва ҳавасмандкунӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки Дар Тоҷикистон маориф дар рушди миллӣ нақши пешбаранда дорад ва ин қонун саҳми омӯзгоронро дар ин раванд тақвият медиҳад.
Зикр шуд, ки муаллим мутахассисест, ки бо касбомӯзӣ дар ҳама зинаҳо, аз муассисаи томактабӣ то таҳсилоти баъдидипломӣ машғул аст. Мақоми ҳуқуқӣ, шаъну шараф ва амнияти иҷтимоию иқтисодиро дар бар мегирад. Ҷиҳатҳои мусбат дар принсипҳои конуният, инсондӯстӣ, ҳифзи ҳуқуқ, такмили мунтазами ихтисос, ки шароити мусоиди меҳнатро ба вуҷуд меоранд, ифода ёфтаанд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» барои омӯзгорон бояд шароити мусоиди корӣ ва иҷтимоӣ, фароҳам оварда шавад. Ҳамчунин барои ҷалби ҷавонон ба омӯзгорӣ якчанд имтиёзи муҳим пешниҳод шудаанд, амсоли омӯзгорон дар давраи фаъолияти касбӣ аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ озод мешаванд, ҳуқуқ доранд таҳсилоти олии дуюмро дар равияи омӯзгорӣ ройгон гиранд, ба фаъолияти ғайритаълимӣ ҷалб карда намешаванд ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳо зери ҳимояи давлат қарор мегиранд. Таъкид шудааст, ки санҷиш ва назорати фаъолияти омӯзгор танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи маориф анҷом дода мешавад. Инчунин давлат барои ҳифзи саломатии омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Тибқи моддаи 6-и Қонуни мазкур омӯзгор уҳдадор аст, ки хонандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин эҳтиром ба падару модар ва атрофиён тарбия намояд. Қабули ин қонун заминаи устувори ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва ҷалби кадрҳои шоиста ба мактабҳо хоҳад шуд.
Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ин қонун заминаи устувори ҳуқуқӣ барои таҳкими мавқеи омӯзгор дар тамоми сатҳҳои низоми маориф мебошад. Ҳамзамон он масъулияти ҷомеа ва мақомоти дахлдорро дар назди омӯзгорон зиёд мекунад.
Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони шуъбаи маориф Тахмина Темурова ва Раъно Набиҷонова низ баромад карда, андешаҳои хешро доир ба мазмуну мундариҷаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор” баён доштанд.
Бо баррасии масоили дигари ҳалталаби соҳа ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







