21 Январ 2026
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» мулоқот баргузор шуд.
Дар мулоқот намояндагони Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники адлия Шодком Турсунзода ва капитани адлия Нуриддин Сайфиддинзода ва кормандони масъули шаҳрдорӣ иштирок намуданд.
Нахуст Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Паёми имсолаи Роҳбари Давлат бо зикри рўйдодҳои муҳимтарини соли 2025 оғоз шуд. Президенти кишвар нахуст аз интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба имзо расидани Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии ду давлат - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ёдовар шуда, онҳоро рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ ва таърихӣ унвон карданд.
Ҳамчунин, аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон қабул шудани қатъномаҳои махсус зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ», инчунин ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим, дар пойтахти мамлакат баргузор шудани нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо рӯйдодҳои дигари муҳимми сол арзёбӣ шуданд.
Ин ҳама гувоҳи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ маҳсуб мешавад.
Сипас, сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники адлия Шодком Турсунзода баромад намуда, доир ба муҳтавои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ андешаронӣ намуд.
Таъкид гардид, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир ҷомеаи имрӯзаро водор менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳамаи соҳаҳо самаранок истифода гашта, ба омили иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.
Асоси пешрафти ҳар як давлату миллат иқтисодиёти устувор аст. Тавре дар Паёми Сарвари давлат таъкид гардид, дар даҳ соли охир иқтисоди миллии мо дар бахшҳои гуногуни он сифатан тағйир ёфтааст. Аз ҷумла:
- Сармоягузорӣ: Барои таъмин намудани рушди кишвар дар даҳ соли охир беш аз 670 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 159 миллиард сомонии он сармояи хориҷӣ мебошад;
- Бахши хусусӣ: Имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва дар шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад;
- Рақамикунонӣ: Барои коҳиш додани омили инсонӣ, гузариши пурра ба раванди рақамии идораи молияи давлатӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ дар тамоми нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ вазифаи аввалиндараҷа гузошта шуд;
- Бозори сармоя: Дар паёми имсола дастур дода шуд, ки Стратегияи рушди бозори сармоя таҳия карда шуда, ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки «сабз» роҳандозӣ гардад.
Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат барои дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва осон намудани дастрасии онҳо ба маблағҳои арзону дарозмуддат як иқдоми нав ва муҳим пешниҳод гардид, ки он таъсиси Фонди кафолати қарзҳо мебошад.
Дар даҳ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 143 миллиард сомониро ташкил додааст, вале танҳо 38 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ки ин нишондиҳанда ҳанӯз кофӣ нест.
Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ вазифадор шуданд, ки барои ҷалби бештари сармоя ва афзоиши қарздиҳӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Инчунин барои беҳтар намудани шароити зисти мардум дастур дода шуд, ки механизмҳои рушди бозори қарзҳои ипотекиро такмил дода, ҳаҷми ин қарзҳо ба аҳолӣ зиёд карда шавад.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бори дигар собит сохт, ки маориф, илм ва фарҳанг ҳамчун рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ва кафили ояндаи устувори миллат дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доранд. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро сармоягузории мустақим ба ояндаи дурахшони миллат арзёбӣ карданд.
Маориф ва илм на танҳо василаи омӯзиш, балки заминаи ташаккули инсонҳои соҳибмаърифат, ватандӯст ва худшинос мебошанд. Тавре дар Паём таъкид гардид, имрӯз зиёда аз 21 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ ба соҳаҳои маориф ва илм равона мешавад. Танҳо дар соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба солҳои қаблӣ афзоиши назаррасро нишон медиҳад. Ин сиёсати молиявӣ далели равшани он аст, ки давлат ба рушди сармояи инсонӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.
Зикр шуд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Мояи ифтихори мост, ки гузаштагони некномамон – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои ѓаниву рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши равандҳои ҳамгироии фарҳангӣ масъалаи ҳифз, эҳё ва рушди арзишҳои милливу тамаддунӣ аҳаммияти хосса пайдо мекунад. Дар ин замина Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Душанбе ва бо мақсади тақвияти аҳаммияти ҷашни байналмилалии Наврӯз ва бодарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи он бунёди Маркази байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Душанбе зарур донистанд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки татбиқи ҳадафҳои болозикр Тоҷикистонро ба кишвари пешрафта, ҷомеаи донишбунёд ва миллати соҳибфарҳангу тамаддунсоз табдил хоҳад дод.
Мулоқот бо мубодилаи афкор ва дастуру вазифагузориҳо анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







