(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд барои давраи соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баргузор шуд.

Дар ҷаласа муовини Раиси ҲХДТ Мирзоқосим Каримзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода ва аъзои фаъоли ҳизб иштирок намуданд. Нахуст ҳисоботи раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд барои давраи соли 2025 шунида шуд, ҳамчунин вазифаҳо барои соли 2026 муайян карда шуданд. Дар музокира ректори ДДҲБСТ Шероз Муъминзода, сартабиби дармонгоҳи дандонпизишкии вилоят Илҳом Саидзода баромад намуданд. Гузориши гуруҳи вакилони ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба фаъолият дар соли 2025 низ шунида шуд. Сипас нақшаи чорабиниҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва нақшаи чорабиниҳо доир ба роҳандозии корҳои созандагиву ободкорӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” тасдиқ карда шуд. Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода зимни суханронӣ аҳамияти узвият дар сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳамчун мактаби садоқат ба давлат, Пешвои миллат ва арзишҳои миллиро таъкид намуд. Зикр кард, ки ҳар як шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, бояд бо эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳми худро гузоранд, зеро шомилшавӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо ифтихор, балки масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад. Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҷаласа баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби ормонӣ ва воқеан ҳам, мардумӣ дар таҳкими оромиву суботи сиёсии мамлакатамон нақши калон дорад. Ин ташкилот аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи раиятдӯстонаро пеш гирифта, бо барномаҳои мукаммали худ дар беҳдошти вазъи сиёсӣ, иҷтимоиву маънавии мамлакатамон саҳми босазо гузоштааст. Дар сафҳои он сиёсатмадорони варзида, олимону адибони тавоно ва ниҳоят ҳизбиёни содиқу вафодор сарҷамъ омада, тавассути дониш, малака ва иродаи худ ҳадафҳои стратегии давлатро миёни омма роҳандозӣ мекунанд. Ва дар ин ҷода муваффақ ҳам ҳастанд. Мо ҳамарӯза дастгирии аъзо ва пайравони ин ҳизби қудратмандро дар фаъолиятамон эҳсос менамоем. Воқеан ҳам, омили зуд маҳбубият пайдо намудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа маҳз бо мардум сарукор гирифтану аз розу ниёзи онҳо огоҳ будан аст. Ин ниҳоди созанда ҷомеаи моро ба маҷрои дуруст ҳидоят намуда, ба сулҳу созиши миллӣ, ваҳдат расонд, таҳти роҳбарии он ҷомеа ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ ворид шуд. Хеле хушоянд аст, ки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз мавсимӣ набуда, туфайли сафарбарии фаъолонаи аъзоёнаш ҳама самтҳои ҳаёти мардумро фаро мегирад ва ҳамеша фаъол аст. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташкилоти муқтадир буда, дар сафҳои он зиёда аз 28 ҳазор аъзо дар 5 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 280 ташкилоти ибтидоӣ сарҷамъ шудаанд. Ин қувваи бузург, ки сиёсати давлатии кишварро дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ муаррифӣ мекунад, дар кулли чорабиниҳои шаҳр иштироки фаъолона дорад. Махсусан, аёдати собиқадорони меҳнат, шахсони яккаву барҷомонда, ятимону бесаробонмондагон ва дастгирии оилаҳои ниёзманд дар якҷоягӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҳамчунин, таҷлили ҳамагуна ҷашну маросимҳо дар ҳамбастагӣ доир карда мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ташвиқу тарғиби ҳадафҳои стратегӣ такя ба аъзоёни ҳизб мекунад. Сипас ба якчанд фаъолони ҳизб сипосномаҳо тақдим гардида, ҷавонон ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...