13 Январ 2026
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» ҷамъбаст гардида, ғолибон аз рӯйи бахшҳои гуногун муайян карда шуда, ғолибон қадршиносӣ гардиданд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар бахши «Шаҳри беҳтарин» шаҳри Хуҷанд мақоми аввалро касб намуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода вимпел ва мукофоти пулиро супориданд.
Ҷоиз ба қайд аст, ки ба раванди корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ тақвияти рўзафзун дода шуда, дар шаҳри Хуҷанд бо истифода аз тамоми имкониятҳову захираҳо бо маблағгузории давлатию бахши хусусӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.
Боиси зикр аст, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ иборат аз 360 банд, бо назардошти сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 950 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр тасдиқ карда шудааст.
Бояд қайд намоем, ки ба ҷои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳими ба нақша гирифта шуда, то имрўз 1095 адад бунёд карда шудааст, ки он нисбат ба нақшаи умумии пешбинишуда 115,0 фоизро ташкил медиҳад. Аз миқдори умумии иншоотҳои бунёдгардида, 370 адади он ба соли 2025 рост меояд.
Ғолибияти шаҳри Хуҷанд дар озмуни вилояти "Шаҳри беҳтарин" ба ҳамагон муборак бошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







