16 Ноябр 2025
Дар толори литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд маҳфили идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ САДОҚАТУ ВАФОДОРӢ БА ВАТАНИ МАҲБУБ" бо иштироки хонандагони синфи 2 бо роҳбарии омӯзгор Шаҳло Икромовабаргузор шуд.
Хонандагон дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шеъру гуфтор ва сурудҳои ватандӯстона сароиданд. Рақсҳои гурӯҳӣ иҷро карда шуд, саҳначаи тарбиявӣ намоиш доданд.
Таъкид шуд, ки тоҷикон бо дарки он ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили сулҳу субот, рушди Ватан ва ба сифати рукни меҳвари устувори давлату ҷамъият баромад мекунанд, дар ҳамин марҳилаи тақдирсози мураккаби буҳрони ҷаҳонӣ дар атрофи сиёсати созандаву ватандӯстонаи Роҳбари давлат боз ҳам муттаҳид шудаанд. Онҳо омодагии худро барои ҳифзу ҳимояи марзу бум, дастовардҳои таърихӣ ва комёбиҳои замони соҳибистиқлолӣ бо меҳнату эҷод ва зоҳир намудани ҳувияти баланди хушиносию ватандӯстӣ ва миллатдӯстӣ нишон медиҳанд.
Зикр гардид, ки таваҷҷуҳ ба маорифи миллӣ ҳамчун омили муҳими худшиносӣ дар сиёсати Пешвои миллат ҷойгоҳи махсус касб кард. Бо ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат милликунонии барномаҳои таълимӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ оид ба таъриху фарҳанги миллӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва ҷаҳонбинии ватандӯстона дар наслҳои нав ташаккул ёфт. Ин раванд на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифат ва донишҳои фундаменталӣ мусоидат намуд, балки барои шаклгирии шаҳрванди ҷавони худогоҳ, ватандӯст ва фаъол дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат эътибори забон, таърих ва арзишҳои фарҳангӣ ҳамчун унсурҳои асосии ҳувияти миллӣ тақвият ёфтанд. Ин иқдом ба насли нав имкон медиҳанд, ки таърих, анъана ва арзишҳои миллиро ҳамчун унсурҳои ҷудонашавандаи зиндагии худ қабул намуда, дар муҳити глобалӣ бо худшиносӣ ва эътимоди қавӣ зиндагӣ ва фаъолият намояд.
Ҳамзамон дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва илмию эҷодӣ ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд. Бо таваҷҷуҳи давлат ба ҷавонон, ташаккули муҳити мусоид барои омӯзиши технологияҳои нав ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷомеа имконпазир гардид, ки ин ба мустаҳкам кардани пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдорӣ мусоидат намуд.
Дар чорабинӣ директори литсей Машҳура Азизова ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ иштирок намуда, ба сатҳи баргузории он баҳои баланд доданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







