14 Ноябр 2025
Дар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд вохўрии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд бо интихобкунандагон ба ивази вакили хориҷгардида баргузор шуд.
Мулоқотро раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии “Суғдиён”, №31 Азаматхӯҷа Воҳидов ҳусни оғоз бахшида иттилоъ дод, ки мутобиқи қарорҳои иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 17 сентябри соли 2025, таҳти № 46 ва № 47, Комиссияи шаҳрии интихобот дар ҳайати 7 нафар таъсис дода шуда, санаи 16 ноябри соли 2025 интихоботи вакили Маæлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Суғдиён, № 31 таъин карда шудааст.
Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кўчаи Камоли Хуҷандӣ 70, бинои шуъбаи маорифи шаҳр ҷойгир шудааст. Раиси комиссияи шаҳрии интихобот Муҳайё Акмалхўҷаева, директори литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ интихоб карда шудааст.
Дар асоси пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Комиссияи шаҳрии интихобот, Комиссияи ҳавзаи интихоботии Суғдиён, № 31 ва 2 адад участкаҳои интихоботии № 44 ва № 65 дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода шуд, ки айни ҳол фаъолият бурда истодааст.
Мутобиқи моддаи 27-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» Комиссияи ҳавзаи интихоботии Суғдиён, №31 аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ номзадҳои зерин: Каримова Зайнура Ҳусейновна- омўзгори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро конференсияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз 9 октябри соли 2025 пешбарӣ намудааст ва Мўъминзода Шероз Абдуҷаббор- ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷандро Маҷлиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз 9 октябри соли 2025 пешбарӣ намудааст, ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифт.
Сипас шахсони боэътимоди номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд баромад намуда, барномаи пешазинтихоботии номзадонро муаррифӣ карданд.
Мулоқот бо суолу ҷавоб анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







