23 Октябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз дар толори Кохи фарҳангии “Суғдиён” бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, сардори шӯъбаи коргузорӣ ва назорати Маркази тадқиқотӣ стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазонӣ Давлатзода, узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Хурсандқул Зикиров
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, раисони ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои таълимии олӣ, миёнаи касбӣ ва умумӣ, устодону омӯзгорон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, шӯроҳои занон, собиқадорон, фаъолони шаҳр конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои ваҳдатсоз» баргузор шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода конфронсро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки воқеан ҳам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбанд. Хизмати таърихӣ ва бузурги Пешвои миллат дар он аст, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохтанд ва фарҳанги сулҳофариро пеша карда бо эҳсоси гарми ватандорӣ, андешаи тақдири ояндаи бақои миллат, ба музокироти сулҳ ташаббус нишон доданд. Маҳз бо заҳмату меҳнати шабонарӯзии Пешвои миллат кишвари азияткашида ва кулфатдидаи мо дар охири асри 20 бо қадамҳои нахустин ва матин нуфузи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор намуд. Натиҷаи ин ҷонфидоиҳо ва қаҳрамониҳои беназир буд, ки имрӯз дар кишвар амнияти саросарӣ пойдор ва ободиву бунёдкориҳо бо суръат идома дорад. Сулҳи тоҷикон қутбнамои роҳи ояндаи дурахшон ва шаҳодатномаи таърихии давлату миллат гардид.
Имрӯз ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳими ҷомеа табдил ёфта ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд.
Сипас, дар кори конфронс Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, сардори шӯъбаи коргузорӣ ва назорати Маркази тадқиқотӣ стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазонӣ Давлатзода, узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Хурсандқул Зикиров, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода баромад намуда, доир ба хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати демократӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ маърӯзаҳо намуданд.
Таъкид шуд, ки мо бояд имруз бештар аз пештара ба қадри заҳмату меҳнатҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем, дар атрофи андешаву ғояҳои ин абармард мутаҳидтар гардем ва исбот намоем, ки меросбари воқеии ин миллати куҳанбунёд буда, нисбати фардои фарзандон бетараф нестем.
Қобили қайд аст, ки хидматҳои беназири Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории навини миллӣ бо таваҷҷуҳ аз гузаштаи пурифтихор, таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, новобаста аз миллату наҷот, забон ва дину оин аст, ки мо ҳамагон инро медонем ва қадр менамоем.
Дар воқеъ, ваҳдати миллӣ сарчашмаи якдилӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳамраъйӣ, тантанаи адолат ва сулҳу суббот мебошад. Имрӯз дар рӯ ба рӯи воқеаҳои ҳасосии ҷаҳони муосир дар роҳи таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои моддиву маънавӣ ва нигоҳ доштани суботи сиёсиву амниятӣ мо ҳамагон бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Моро зарур аст, ки бо сарҷамъи ва муттаҳидӣ дар зери партави сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи тарбияи насли ҷавон дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишу анъанаҳои миллӣ, ватандӯастӣ, ифтихори миллӣ, ҳифзу ҳимояи Истиқлолият, ваҳдати миллӣ фаъолтар бошем. Моҳият ва паҳлуҳои мусбату манфии раванду тамоюлҳои замонро ба аҳли ҷомеа дуруст шарҳ дода, ба шаклгирии афкори созанда ва таҳаммулпазир дар фазои сиёсиву иҷтимоии мамлакат саҳмгузор бошем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







