(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз дар асоси Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар суроғаи маҳаллаи Чорчароғ, кўчаи Озодӣ ҳавлии № 126-и шаҳри Хуҷанд лавҳаи хотиравии Муинов Муҳамадҷон Аминович ва Муинов Муинҷон Муҳаммадҷонович гузошта шуд.

Ҷамшед Набизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд дар маросими лавҳагузорӣ иштирок ва баромад намуда. аз ҷумла афзуд, ки хотираи бузургдошти шахсиятҳои мўътабари таърихӣ, чеҳраҳои барҷастаи сиёсӣ, илму адаб ва фарҳангу маърифат, ки дар давраҳои гуногун дар ташаккули тамаддун ва давлатсозии мо саҳми арзишманд гузоштаанд, бо шукуҳи хоса ва мўҳтавои тоза, ибрату илҳоми тоза мебахшад.
Қадршиносӣ намудани хизматҳои шоёни ходимони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, арбобони намоёни илму фарҳанг, зиёиёни пешқадам – умуман шахсиятҳои хирадпеша ва ба дараҷаи сиёсати давлатӣ баровардани онҳо, яке аз падидаҳои даврони Истиқлолият, натиҷаи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, роҳи пуршебу фарози дар тўли ин солҳои тайшуда, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ватандўстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад.
Мусаллам аст, ки мақому манзалати ҳар як миллат ба андозаи саҳми он дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ва маънавиёти башарӣ, илму адаб, ҳунару санъат ва пурғановат сохтани маҳзани арзишҳои олии инсонӣ, муайян карда мешавад.
Аз ин лиҳоз пардабардорӣ намудан аз лавҳаи хотиравии Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи ордени Байрақи сурхи меҳнат Муинов Муҳаммадҷон Аминович ва Муинов Муинҷон Муҳаммадҷонович, дар ҳаёти ичтимоиву фарҳангии шаҳру вилоят рўйдоди воқеан хотирмон мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи дархости пайвандон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 17-уми июни соли 2025, таҳти №27 ва 28 оид ба гузоштани лавҳаи хотиравии Муинов Муҳаммадҷон Аминович ва Муинов Муинҷон Муҳаммадҷонович ба тавсиб расидааст.
Сипас ба самъи ҳозирин тарҷумаи ҳоли эшон расонида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки Муинов Муҳаммадҷон Аминович 10-уми январи соли 1909 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1932 ба Институти хоҷагии қишлоқи Тошкент дохил гардида, онро соли 1936 бо муваффақият хатм намудааст. Аз соли 1936 то соли 1941 дар вазифаи мутахассис ва сармутахассис дар техникуми хоҷагии қишлоқи шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст.
Аз соли 1941 то соли 1946 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ хизмат намуда, дар ҷангҳои озодкунии вилояти Калининград иштирок намудааст.
Солҳои 1947-1952 директори техникуми хоҷагии қишлоқ, аз соли 1952 то 1953 ноиби сардори идораи пахтатайёркунии вилоят ва солҳои 1953-1960 сарагрономи колхози ноҳияи Хуҷанд, ноиби сардори раёсати хоҷагии қишлоқи вилояти Суғд, соли 1961 сардори раёсати истифодабарии канали калони Фарғона, солҳои 1962-1964 ба ҳайси муаллими калони кафедраи хоҷагии қишлоқи факултети фанҳои табии ДДХ, солҳои 1969-1970 ноиби сардор ва сардори раёсати азхудкунии заминҳои Дилварзин дар ноҳияи Зафаробод, солҳои 1970-1990 мудири кабинети таълимӣ ва машваратии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дар назди факултети фанҳои табиатшиносии ДДХ фаъолият намудааст.
Давлату Ҳукумат хизматҳои шоёни ўро кадрдонӣ намуда, бо орденҳои Ситораи Сурх, Нишони фахрии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи 2 ва 15 медалҳо мукофотонидааст. Соли 1969 бо фармони Президиуми Шўрои Олии Тоҷикистон бо унвони “Агрономи хизматнишондодаи Тоҷикистон”, 3 маротиба бо Ифтихорномаи Президиуми Шўрои Олии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Муҳаммадҷон Муинов соли 1998 дар синни 89 солагиаш вафот кардааст.
Муинов Муинҷон Муҳаммадҷонович 7- уми декабри соли 1955 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Муинҷон Муинов солҳои 1963-1973 дар мактаби миёнаи №17-уми шаҳри Хуҷанд таҳсил намуда, онро бо медали тилло хатм намудааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи шаҳри Душанбе дохил гардида ин донишгоҳро низ бо дипломи аъло хатм намудааст.
Пайраҳаи меҳнатӣ ва илмӣ-тадқиқотии Муинҷон Муинов гуногунҷабҳа ва сермаҳсул буда, қобилияти илмӣ, ташкилотчигӣ, меҳнатдўстӣ ва донишандўзиашро ба инобат гирифта ўро барои оғози фаъолияти илмӣ ба донишгоҳ таклиф кардаад. Аз моҳи сентябри соли 1978 то соли 1981 дар факултаи иқтисодиёти кишоварзии донишкадаи болозикр ҳамчун асисенти кафедраи идоракунии иқтисодиёти кишоварзӣ, соли 1981 ҳамчун иқтисодчии шуъбаи иқтисодиёти идораи кишоварзии вилояти Суғд, аз моҳи августи хамон сол ҳамчун мутахасис дар кумитаи комсомоли вилояти Суғд, соли 1987 дар кумитаи ҳизби Коммунисти вилояти Суғд дар вазифаи инструктор, аз соли 1989 то соли 1991 директори ҷамъияти Дониши вилояти Суғд, аз соли 1991 то соли 1995 сардори шуъбаи ташкилии идораи кишоварзии Иттифоқи касабаи вилояти Суғд, аз соли 1995 то соли 1997 ба ҳайси муовини роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, аз соли 1997 то соли 2001 мудири қабулгоҳи Раиси вилояти Суғд, аз соли 2001 то лаҳзаи охири ҳаёташ дар вазифаи директори филиали корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” дар вилоят фаъолият намудааст.
Солҳои 1981-1985 шуъбаи аспирантураи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо муваффақият хатм намудааст.
Муинҷон Муинов барои хизматҳои бенуқсонаш бо ифтихорномаҳову сипосномаҳо сарфароз гардонида шудааст.
Муинҷон Муинов 10-уми марти соли 2007 дар синни 51 солагиаш вафот кардааст.
Сипас, намояндаи Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Нодирҷон Солиҷонов, ҳамсабақи Муинҷон Муинов-Осим Каримов, дӯсти Муинҷон Муинов-Рустамҷон Юлдошев, хешованди Муиновҳо – Ходими сиёсиву давлатӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова ва набераи Муинов Муҳаммадҷон, фарзанди Муинов Муинҷон, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсумахон Муинӣ баромад намуда, доир ба фазилаҳои неки Муҳаммадҷон ва Муинҷон Муиновҳо андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки гиромидошт ва абадигардонии номи неки ин шахсиятҳои барўманд, барои наслҳои имрўзи ин даврон, кўчаву маҳалла ва шаҳри азизамон бори дигар дарси меҳнатдўстиву меҳанпарастӣ ва садоқат ба Ватан гардида, онҳо давомдиҳандагони кору пайкори аҷдодони хеш мегарданд.
Сипас парда аз лавҳаи хотиравии Муҳаммадҷон ва Муинҷон Муиновҳо бардошта шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...