9494
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
10 Октябр 2025
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯза, торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдид ба мафкураи ҷомеаҳо, ки ба зиёдшавии омилҳои номатлуб дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон ва дар асоси нақшаи кори муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа байни омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо оид ба баланд бардоштани маърифати хукукӣ, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ дар байни наврасону ҷавонон дар МТМУ №10-и шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, сардухтури маркази саломатии №4 Дониёр Худойзода, роҳбари гурӯҳи ҷавонони Авангарди шаҳри Хуҷанд
Аҳмадалӣ Сайидализода, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Зайнура Шарипова, сармутахассиси шуъбаи маориф Моҳира Темирова, намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Қурбонсаид Болтазода ва дигарон роҷеъ ба масоили рӯзмарраи ҷомеа изҳори андеша намуданд.
Таъкид шуд, ки худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ ду рукни муҳимми соҳаи таълим ва тарбия дар замони истиқлолият маҳсуб мегардад. Ифтихор ва худшиносии миллӣ бунёду бунлоди кишвари яккаву ягонаи мо, пойдории миллат ва омили рушду сарсабзии он аст. Миллате, ки худро намешиносад, ифтихору ғурури миллӣ надорад, зуд парешон ва пароканда гардад. Бино бар ин, миллате, ки худогоҳ аст, бештар ва ҳар лаҳза дар тараққӣ буда, умр ба хушнудии дилҳо мегузорад ва ҷовидонӣ боқӣ мемонад.
Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди кишвари хеш, бахусус наврасону ҷавонон бояд таъриху адабиёту фарҳанги гузаштаи хешро басо хуб бидонанд, ҷуяндаву пӯянда, созандаву бунёдгар бошанд ва ҳаргиз дар ғафлату бехабарӣ намонанд. Худшиносӣ ва ифтихори миллӣ набояд танҳо дар гуфтор бошад. Ин хислату одатро бояд доиман дар замири хеш парварид ва ҳамвора мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд
Шарҳ додан