08 Октябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо супориши Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо КВД “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" бо мақсади пешгирӣ аз партофтани партов дар ҷойҳои муайяннашуда ва ҷилавгирӣ аз вайроншавии муҳити зист насби дурбинҳои назоратӣ роҳандозӣ карда шуд.
Ин тасмими тоза дар асоси муроҷиати шаҳрвандон оид ба пайдо гардидани партовгоҳи сунъӣ, яъне дар ҷойи номуайяншудаи гузоштани партов аз ҷониби шахсони алоҳида ба даст гирифта шуда, дурбини назоратӣ дар буриши кӯчаи "Фирдавсӣ" ва “Ҳаким Карим” назди идораи Суди шаҳри Хуҷанд насб карда шуд ва минбаъд тариқи мустақим ҳодисаҳои қонуншиканӣ ба қайд гирифта, ба телефони боварии шуъбаи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд интиқол медиҳад ва дар асоси он нисбати нафарони қонуншикан тибқи талаботи қонунгузории муҳити зист чораҷӯйӣ карда мешавад.
Интизор меравад, ки чунин дурбинҳои назоратӣ дар дигар мавзеъҳои шаҳр ба роҳ монда мешавад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш ва даъват ба амал оварда мешавад, ки партовҳои маишии хешро танҳо дар ҷойҳои муайяншуда ва дар қуттиҳои пешбинигардида гузоранд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







