08 Октябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сирдарё” шинос гардиданд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо қабулу коркарди меваву сабзавоти ватанӣ, истеҳсоли афшура ва шарбатҳои табиӣ машғул буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас дорад.
Корхона аз се сех — сехи қабулу коркард, сехи истеҳсоли маҳсулот, сехи банду баст ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр иборат буда, дар он 45 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд. Дар ҶДММ “Сирдарё” навъҳои гуногуни афшура ва шарбат бо риояи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол шуда, барои ғанӣ гардондани бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ ва афзун намудани ҳаҷми содирот мусоидат менамояд.
Барои истеҳсоли маҳсулот корхона меваю сабзавоти ватаниро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ тариқи шартномавӣ харидорӣ намуда, онҳоро барои истифода дар тамоми фаслҳои сол захира менамояд. Маҳсулоти “Сирдарё”, ки бо тамғаи “Mersi Baku” ба бозор пешниҳод мегардад, имрӯз дар мағозаву фурӯшгоҳҳои ҷумҳурӣ мавқеи устувор пайдо намуда, ҳамзамон содироти он ба кишварҳои ҳамсоя ба роҳ монда шудааст.
Маҳсулоти корхона аз лиҳози экологӣ тоза буда, бе истифодаи иловаҳои кимиёвӣ истеҳсол мегардад. Дар сехи махсус барои кӯдакон ва наврасон афшураҳо аз меваҳои ватанӣ дар қуттиҳои махсус истеҳсол мешаванд, ки ин навъи маҳсулот ҳамчун ғизои иловагӣ дар хориҷи кишвар низ талаботи зиёд дорад.
Айни ҳол дар корхона зиёда аз 40 намуди афшура ва шарбат бо технологияи муосири консервакунонӣ истеҳсол мешавад. Бо назардошти фарорасии фасли зимистон, мутахассисон қабулу коркарди меваҳои анор ва себро роҳандозӣ намудаанд, ки ин имкон медиҳад фаъолияти корхона дар тамоми сол бетаваққуф идома ёбад.
Раиси вилоят ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, барои зиёд намудани содироти маҳсулот ба масъулин тавсияҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







