08 Октябрь 2025
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯза, торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдид ба мафкураи ҷомеаҳо, ки ба зиёдшавии омилҳои номатлуб дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон ва дар асоси нақшаи кори муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа байни омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо оид ба баланд бардоштани маърифати хукукӣ, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ дар байни наврасону ҷавонон дар МТМУ № 8- и шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ роҳбари гуруҳи ҷамъиятии "Авангард"-и шаҳри Хуҷанд Аҳмадалӣ Сайидализода, намояндаи шуъбаи КДАМҶТ дар шаҳри Хуҷанд Бобоҷон Маҳмадов, духтури оилавии Маркази саломатии №4 Назира Ҳасанова, намояндаи аъзои Раёсати шӯрои занҳои вилоят Хайринисо Темирова ва мутахассиси шуъбаи маориф Дилбар Абдуллоева иштирок ва доир ба мавзуъоти рӯзмарраи ҷомеа баромад намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







