06 Октябр 2025
Умаров Беҳрӯз, дастпарвари Муассисаи давлатии мактаби варзишии №3-и шаҳри Хуҷанд, варзишгари ҷасуру шуҷои мамлакат дар сеюмин Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки айни ҳол дар шаҳри Элвахи Ҷумҳурии Озарбойҷон идома доранд, бо иродаи қавӣ ва маҳорату далерии нотакрор, рақиби худ аз Ӯзбакистонро мағлуб намуда, медали тилло ба даст овард!
Ин ғалаба на танҳо пирӯзии як варзишгар аст — ин ифтихори тамоми Тоҷикистон, ин садои боландаи Парчами миллӣ дар саҳнаи байналмилалӣ аст!
Беҳрӯз дар майдони мубориза мисли шер ҷангид, ҳар зарбааш пурқуввату пурмаъно буд, ҳар ҳаракаташ нишонгари тайёрии баланди ҷисмонӣ ва рӯҳияи ватандӯстии ӯ буд.
Ҳангоми эълони натиҷаҳо, вақте ки номи Тоҷикистон садо дод ва парчами сурху сафеду сабз боло шуд, ашки шодӣ дар чашмони тамошобинон ва ҳайати варзишии кишвар ҳалқа зад. Ин лаҳзаи таърихӣ нишон дод, ки ҷавонони тоҷик бо иродаи қавӣ метавонанд дар ҳар майдони байналмилалӣ парчами Ватанро парафшон созанд!
Ин аввалин тиллои Тоҷикистон дар Бозиҳои ИДМ-2025 буда, оғози як силсилаи нави дастовардҳои варзишии кишвар маҳсуб меёбад.
Беҳрӯз Умаров бо устодаш Саидхӯҷа Маъмуров ва Федератсияи бокси вилояти Суғд исбот кард, ки ном, Парчам ва ифтихори Тоҷикистон дар дили ҳар ҷавони ватандӯст зинда аст!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







