(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар доираи як боздид аз раванди сохтмони биноҳои соҳаи тандурустӣ аз наздик шинос шуданд.

Нахуст аз раванди бунёди бинои инноватсионии назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.
Нахуст аз раванди сохтмони Бинои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд низ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, барои 120 кат бо тамоми шароит ба истифода дода хоҳад шуд. Фароҳамсозии шароити мусоид барои табибони марказ имкон медиҳад, ки қабулу ташхис ва табобати беморонро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дар таъмини солимии ҷомеа беш аз пеш саҳмгузорӣ намоянд.
Бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд аз 6 ошёна иборат аст ва он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ба ҳисоб меравад. Дар бинои нав ҳуҷраҳо барои 150 кат, шуъбаҳои эҳё ва ҷарроҳӣ ҷойгир карда мешаванд. Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд хизмат мерасонад. Беморхона дорои шуъбаҳои эҳё, мулоиҷа, ҷарроҳӣ, муолиҷаи кимёвӣ, табобати нурафканӣ буда, барои қабул, ташхису муоина ва пешгирии беморӣ мутахассисони баландихтисос, ки мунтазам дар кишварҳои перафта таҷрибаомӯзӣ мекунанд, фаъолият доранд.
Зимни боздид аз бинои инноватсионии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 7 ошёна иборат буда, барои 260 кат пешбинӣ гардидааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, он дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад, пудратчии сохтмон ширкати “Хушофар” мебошад.
Дар бинои инноватсионии беморхона усулҳои муосири табобату ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда хоҳад шуд. Табибон метавонанд бо истифода аз ин шароитҳо қабули беморон ва хизматрасониҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ба ин васила муроҷиати беморон ба хориҷи кишвар бамаротиб кам гардад.
Бояд қайд намуд, ки дар беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 табибони соҳибтаҷриба ва мутахассисони ҷавон фаъолият доранд, ки дар ташхис, табобат ва ҷарроҳиҳо эътироф гардидаанд. Шароитҳои замонавии фароҳамовардашуда, дастгоҳу таҷҳизоти замони муосир барои боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои наву муосир ташхису табобат ва ҷарроҳиҳо имконияти васеъ мебошанд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз раванди босуръати биноҳои иловагии соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Хуҷанд изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулини сохтмон ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо ва дар муҳлати муайяншуда супоридани иншоот дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ҷиҳати бартараф намудани иншооти атрофи бинои мазкур, мумфаршкунии роҳҳо ва сабзнамоии он машварату тавсияҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...