04 Октябр 2025
Имрӯз, 4 октябри соли 2025 зимни таҷлили Рӯзи омӯзгорон, дар толори «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими расмии ҷоизасупории ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон - 2025» баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо ҳадафи ҷалби мураббиёни боистеъдод, эҷодкор ва кордон, инчунин ҳавасмандсозӣ ва дастгирии фаъолияти онҳо дар самти таълиму тарбия роҳандозӣ шуда, беҳтарин мураббиён аз муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ муайян гардиданд.
Соли равон ба даври ниҳоии озмун панҷ мураббии беҳтарин аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзиданд. Аз миёни онҳо Абдураҳмонова Парвина, мураббияи Муассисаи таҳсилоти томактабии №3-и шаҳри Хуҷанд сазовори Ҷоми ғолиб, Диплом ва мукофоти пулии озмун ба маблағи 10 000 сомонӣ гардид.
Ҳамзамон, дигар иштирокчиёни фаъолу боистеъдод бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва туҳфаҳои махсус қадрдонӣ шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







