04 Октябр 2025
Субҳи имрӯз дар гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил ба муносибати Рӯзи омӯзгор ҳамоиши идона баргузор шуд.
Сарвари муассисаи таълимӣ Манзура Муинзода ҳамагонро бо Рӯзи бузургдошти муаллим таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки омӯзгор будан шараф аст. Омӯзгор будан ҳамзамон масъулияти гарон, масъулияти ояндаи инсонҳоро ба дӯш гирифтан аст. Омӯзгор будан ҳамеша табассум бар лаб будан аст. Зеро ҳангоми по ба остонаи синф гузоштан, даҳҳо ҷуфт чашм бо умеду боварӣ ба сӯят дӯхта мешаванд. Омӯзгор будан дили поку ҳақбин доштан аст, то ҳама дилҳо поку ҳама чашмҳо ҳақбин шаванд. Омӯзгор будан дар ниҳолаке дарахти боровару пурсамар, дар заррае дунё, дар қитъае паҳно, дар қатрае баҳри беканорро дидан аст. Омӯзгор бузургтарин вазифа асту сарчашмаи касбу ҳунарҳои дигар. Омӯзгор ин умри ҷовид доштан аст. Шогирдон давоми умри ӯянд. Омӯзгор бахти баланд доштану шодком будан аст. Шоир фармудааст:
Агар садсола гардам ҳам фаромӯшаш нахоҳам кард,
Ҳамон шахси азизеро, ки мунаввар пеши роҳам кард.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши ҳалкунандаи соҳаи маориф дар тарбия кардану ба камол расонидани наслҳои ояндасоз – кадрҳое, ки рушди ҳамаи соҳаҳои давлат ва ҷомеа аз онҳо вобаста мебошад, аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як роҳбар ва шахси масъули соҳаи маориф ва ҳар як омӯзгор вазифадор аст, ки рисолати худро софдилона ва аз рӯйи виҷдон анҷом дода, барои таълиму тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат ва хештаншиносу ватандӯст саҳми фаъол гузорад. Барои ба воя расонидани насли донишманд, забондон ва дорои ҷаҳонбиниву фаҳмиши васеъ бояд, пеш аз ҳама, муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибтахассус, навовару эҷодкор ва ба касби худ содиқ таъмин карда шаванд.
Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







