04 Октябр 2025
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рўзи омӯзгор дар шаҳри Хуҷанд як қатор собиқадорони соҳаи маорифро хабар гирифтанд.
Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо бознишастагони соҳаи маориф Гулчеҳра Зарипова, Қутфинисо Азимова,Ойимнисо Турдиматова, Муҳаммад Норматов, Раҳим Каримов, Людмила Полешук ва дигарон аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эшонро бо Рӯзи омӯзгор таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, бо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон ба беҳбудии шароити зиндагӣ ва фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, имтиёзҳои зарурӣ дар қонунгузорӣ муқаррар шудаанд. Чунонки Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ таъкид намуданд, маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол ба сол афзоиш дода мешавад. Агар ба далелҳо рӯй оварем, маълум мегардад, ки "дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмӯъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки ба беҳтар гардидани шароити таҳсил, инфрасохтори соҳа ва вазъи иқтисодии омӯзгорон мусоидат карда истодааст".
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати мустаҳкам намудан ва таҳким бахшидани мақоми омӯзгорон дар ҷомеа Чоизаи Раиси вилоятро таъсис додааст, ки ҳамасола омӯзгорони беҳтарину навовар барои саҳми назаррас дар рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи насли наврас сарфароз мегарданд. Дар баробари ин, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони пешқадам, таъсиси ҷоизаҳои «Беҳтарин муассисаи таълимӣ» ва «Беҳтарин муассисаи томактабӣ», ба омӯзгорон додани роҳхатҳои ройгон ба осоишгоҳҳо аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба баланд гардидани манзалату обрӯи омӯзгорон мусоидат менамоянд.
Аёдатшудагон Гулчеҳра Зарипова, Қутфинисо Азимова, Ойимнисо Турдиматова, Муҳаммад Норматов, Раҳим Каримов, Людмила Полешук ва дигарон барои таваҷҷуҳ ба таҳният ба Роҳбарияти давлату Ҳукумат арзи миннатдорӣ намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







