03 Октябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
ЗАБОНИ ДАВЛАТИ МО ЗАБОНИ ТОҶИКИСТ
Соҳибони забони ноби тоҷикӣ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба асолат ва ҳастии забони модарии мо таъкид доштаанд, ки «Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.
Бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳониён аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омўзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрўз идома дода истодааст». Ё ҷойи дигар, «Далели бостонӣ будани миллати тоҷик ва забони тоҷикиро ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ донишмандону олимони баландпояи ҷаҳонӣ дар осори зиёди илмии худ эътироф ва тасдиқ кардаанд».
Аз ин лиҳоз, барои мо донистани забони модарӣ маънои эҳтиром гузоштан ба Миллат, Модар, Ватан, давлати соҳибихтиёрро дорад. Зеро дар ташаккул ва рушди давлатдории навин ва устувории он дар умури сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ забони давлатӣ нақши муҳим дорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5-уми октябри соли 2009 таҳти №553 қабул гардид, ки ҳадаф ва мақсади он рушди забон чун падидаи фарҳанг, васеъ намудани амалкарди забони тоҷикӣ дар таълим, коргузорӣ, илм, васоити ахбори омма, муносиботи байналмилалӣ, ҳифзи забони тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Тантанаи Рўзи забони давлатӣ яке аз омилҳои мубораки ифтихори миллӣ дар даврони истиқлолият маҳсуб ёфта, ба иҷрои ин қонун расман шонздаҳ сол пур мешавад. Дар ин рўз ба забони модариамон чун ба модари худ арҷ гузошта, бо қалбҳои саршор аз меҳру ифтихор ҳофизаи таърихии худро варақгардон мекунем ва роҳи пуршебу фарози забону фарҳангамонро пеши назар меорем, то аз бурду бохти таърихи забони модарии хеш сабақ омўзем.
Имрўз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бештари давлатҳои ҷаҳон расман мешиносанд, зеро Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми тадбирҳои расмии ҷаҳонӣ аз минбарҳои баланд бо забони гуворои тоҷикӣ ҳарф мезананд. Ин чунин маъно дорад, ки ҷаҳон забони давлатии моро низ якҷоя бо давлатдориамон ба расмият шинохтааст.
Ҳар сол рўзи 5-уми октябр дар қаламрави кишвар Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тантана мегардад. Ба ин муносибат аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли мардуми Хуҷандшаҳрро шодбод гуфта, орзу мекунем, ки ҳар фарди соҳибзабон минбаъд низ барои рушди забони давлатӣ, тозаву беолоиш нигоҳ доштани он талош меварзад. Дар ҳамин маврид, чуноне Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Акнун замоне фаро расидааст, ки мо низ бояд мисли дигар кишварҳои пешрафтаву мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем, вуруди ҳар унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал ба ҳама гуна ѓалатгўиву ѓалатнависӣ хотима бахшем».
Дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал мекунад ва аз раванди ҳуҷҷатнигориву мактубҳои расмӣ, шиору овезаҳо дар қаламрави шаҳр назорати пурзўр дорад.
Забони модарии мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост. Пас, биёед, соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бонангу ор ва посдори ҳушёри забони модарӣ, забони халқи тамаддунсоз ва куҳанбунёди тоҷик бошем.
Рўзи гиромидошти забони давлатӣ - забони тоҷикӣ ба ҳар соҳибзабон муборак бод!







