01 Октябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, қонунҳои нав таҳиягардида, татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд силсилаи мулоқоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят оғоз гардид.
Нахуст чунин вохўрӣ дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд бо вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Мубина Хоҷаева бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таҳрири нав қабул гардида, ба мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, таълиму донишомӯзӣ, тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ равона шудаанд.
Қонунҳои баимзорасида ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва қонунияту тартибот равона шудаанд.
Зикр гардид, ки бо мақсади идомаи фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазир бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи давлатӣ аз 1 уми июни соли 2021 “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021‐2025” ва Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи мазкур таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
Таъмини иҷрои талаботи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021‐2025” дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби экстремистиву террористӣ, бахусус ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани пайравони он, таъмини амнияти давлат, тафтишу таҳқиқ ва пешбурди чорабиниҳои маҷмӯии оперативӣҷустуҷӯӣ ба зиммаи ҳамаи субъектони бо экстремизм ва терроризм муборизабаранда ва дар он иштироккунанда вогузор карда шудааст.
Тибқи қонунгузорӣ субъектони бевосита бо экстремизм ва терроризм муборизабаранда инҳо мақомоти Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва ғайра мебошанд.
Вазифаҳои субъектони бевосита бар зидди экстремизм ва терроризм муборизабаранда ва иштироккунанда дар қонунгузориҳои зикршуда ба таври мушаххас муайян шудааст.
Бояд зикр кард, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз соли 2006 инҷониб бо пешниҳодҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Суди Олӣ фаъолияти 25 ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







