01 Октябр 2025
Муаллим – сармояи маънавии миллат
Омўзгорони арҷманд, собиқадорони соҳаи маориф!
Рўзи омўзгор дар Ватани маҳбубамон ҳамчун рўзи бузургдошт ба муаллим эътироф шудааст ва ба ин муносибат даҳҳо тадбиру чорабиниҳои маърифативу маънавӣ доир карда мешаванд. Мардуми шарафманди шаҳри бостонии Хуҷанд чун ҳамасола бо мақсади арҷгузорӣ ба хидмати муаллим, таълиму тарбиятдиҳандаи аҳли башар Рўзи омўзгорро ботантана ҷашн мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат эътироф намуда, ҷиҳати бузургдошти шахсияти муаллимону мураббиён ғамхориҳои бузург зоҳир менамоянд. Пешвои муаззами миллат имсол дар остонаи соли нави таҳсил зимни суханронронӣ дар Дарси сулҳ изҳор доштанд, ки “Омўзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрўзу фардои ҳар кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ў вобастагии калон дорад. Хиради омўзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омўзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омўзгор аз тарафи ҳар фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омўзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад».
Ҳамзамон, Президенти маҳбуби кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, ки «Муаллимону омўзгорон машъалафрўзони илму дониш буда, дар замири хонандагон шўълаи меҳри хондану аз бар намудан ва омўхтани донишҳои гуногуни муосири ҷаҳониро меафрўзанд. Ба ибораи дигар, устодон шаҳсутунҳои низоми таълиму тарбия ва омўзишу парвариш мебошанд».
Ин баҳои баланд ва талаби зоҳир намудани масъулияти бештари устодону муаллимон дар таълим ва тарбияи насли наврасу ҷавон боис мегардад, ки илҳоми кории омўзгорон тоза шавад, зеро сол аз сол маблағгузорӣ ба соҳа бештар шуда истодааст, муассисаҳои таълимии типи нав ва замонавӣ сохта, ба истифода дода шуда истодаанд ва бешак, сатҳу сифати тарбия ва дараҷаи донишандўзии хонандагон бояд куллан тағйир ёбад.
Баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва донишандўзии шогирдон дар қаламрави кишвар озмунҳои “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурўғи маърифат”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман!” ва минбаъд “Шоҳномахонӣ” баргузор ва доир мешаванд. Анъанаи хуби “устоду шогирд” дар омодасозии хонандагон ба озмунҳои бонуфузи кишвар натиҷаи дилхоҳ дода, ҳар сол шогирдони мактабҳои шаҳри Хуҷанд бо ширкат дар ин озмунҳо шарафи устоду мактаби худро баланд бардошта истодаанд. Албатта, ин ҳама аз заҳмату талошҳои зиёди омўзгорон далолат медиҳад.
Мо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд устодон, муаллимону мураббиён ва кулли алоқамандони соҳаи маорифро бо Рўзи омўзгор табрику таҳният мегўем, бароятон саломатӣ, илҳоми саршори корӣ, дар таълиму тарбияи насли наврас бурдбориву тавфиқ хоҳонем.
Рўзи омўзгор муборак, устодону муаллимон ва мураббиёни гиромӣ!







