(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори Рӯзи шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Тирози ҷаҳон дар масири таърих” баргузор гардид. Дар кори он ҳайати устодон, олимон, донишҷӯён ва муҳаққиқони соҳаи таърих ширкат варзиданд.

Ректори донишгоҳ Мирзотоҳир Набизода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки шаҳри Хуҷанд дар тӯли асрҳо ҳамчун маркази бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии минтақаи Осиёи Миёна нақши калидӣ бозидааст. Ба гуфтаи ӯ, мавқеи ҷуғрофии шаҳри бостонӣ — воқеъ шудан дар дарвозаи водии Фарғона, ки онро “марвориди Осиёи Марказӣ” меноманд, ба Хуҷанд мақому манзалати хосса бахшидааст.
Ректори донишгоҳ таърих ва саргузашти пурғановати Хуҷандро ибратбахш ва боиси ифтихор арзёбӣ карда, зикр намуд, ки “саҳифаҳои пуршарафу нотакрори он таҷассуми рӯҳи созанда, мероси гаронбаҳо ва таҷрибаи ноби мардум мебошад, ки имрӯз низ илҳомбахши наслҳои ҷавон аст.”
Таъкид гардид, ки Хуҷанд дар тӯли таърих зодгоҳи фарзандони фарзонаи миллат — олимону шоирон, нависандагону санъаткорони машҳур, аз қабили Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Маҳастӣ, Камоли Хуҷандӣ, Тошхоҷа Асирӣ, Содирхони Ҳофиз, Ҳоҷӣ Юсуф, аллома Бобоҷон Ғафуров, академик Муҳаммад Осимӣ, адибони тавоно Раҳим Ҷалил, Фарзона ва садҳо дигарон будааст. Ин шахсиятҳо бо осору мероси пурарзиши худ дар хазинаи фарҳангии ҷаҳонӣ низ ҷойгоҳи шоиста доранд.
Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Набизода Ҷамшед иштирокчиёни конференсияро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд табрик гуфта, дар мавриди дастовардҳои шаҳр дар замони Истиқлол таъкид дошт, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ Хуҷанд симои худро куллан тағйир дода, ба туфайли дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду нумӯи тоза ёфт.
Зикр гардид, ки имрўз Хуҷандшаҳр бо олимону адибон, муаррихону устодон, ҳунармандону санъаткорон, шаҳрсозон умуман мардуми шарафманди хеш ифтихор дорад. Мардуми шарафманди Хуҷанд ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо заҳмати ҳамарўзаи худ ба пешрафт ва шукуфонии давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузорӣ карда истодаанд.
Дар идома доктори илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи умумӣ Абдусалом Аюбов бо маърӯзаи худ таҳти унвони “Профессор Абдуллоҷон Мирбобоев – муҳаққиқи таърих ва фарҳанги Хуҷанди бостонӣ” ва номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷамолиддин Абдукаримов перомуни “Бозтоби таърихи Хуҷанд дар рисолаи «Мунтахаб-ут-таворих»-и Муҳаммад Ҳакимхон” маърӯзаҳо ироа намуданд.
Қайд гардид, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ ба таҳкими худшиносии миллӣ, омӯзиши амиқи таърихи бостонӣ ва арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ мусоидат карда, дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён нақши муассир доранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Недоступен ни однин перевод.Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Ма...