06 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Истиқлолият рамзи озодӣ, сарбаландӣ ва сарнавишти худсозии миллати тоҷик аст. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои созандаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари азизамон рӯз аз рӯз шукуфову обод мегардад.
Дар ҳамин рӯҳия имрӯз дар Литсейи инноватсионии Ҷавонӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ чорабинии идона баргузор гардид.
Сурайёхон Неъматзода, директори Литсей дар суханронии пурмазмуни худ, ҳамагонро бо ҷашни истиқлоли Ватан таҳният намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки "Истиқлолият неъмати бузург ва муқаддасест, ки бо хираду ҷасорати Пешвои миллат мо ба даст овардем. Имрӯз Тоҷикистони азиз бо шарофати сиёсати оқилона ва заҳматҳои шабонарӯзии ин абармарди миллат рӯ ба тараққӣ ниҳода, бо қадамҳои устувор ба сӯи фардои дурахшон равона шудааст. Вазифаи муқаддаси ҳар яки мо, хоса ҷавонон, он аст, ки бо меҳнати софдилона ва муҳаббат ба Ватан саҳмгузори ободию шукуфоии кишвар бошем."
Дар идома, хонандагони Литсей бо шеърҳои ватандӯстона муҳаббати самимии худро ба Тоҷикистони биҳиштосо иброз намуданд.
Қисмати эҷодии чорабинӣ — Озмуни расми беҳтарин таҳти унвони «Тоҷикистон — ватани биҳиштосои ман» — фазои идонаро боз ҳам пурҷило кард. Дар расмҳои хонандагон муҳаббат ба табиати зебо, кӯҳҳои сарбафалаккашида ва ифтихор аз Истиқлолият таҷассум ёфт.
Дар ҷамъбаст, 100 нафар хонанда бо диплом ва тӯҳфаҳои арзишманди литсей қадрдонӣ гардиданд.
Ин ҷашн на танҳо як чорабинии фарҳангӣ буд, балки дарси зиндаи худшиносӣ ва сабақи муҳаббат ба Ватан гардид, ки боиси тақвияти рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастии насли наврас шуд.
Воқеан Истиқлолият – чароғи равшан ва кафили ояндаи дурахшони миллат аст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







