03 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ва Ғулом Ҳалимзода бо устодон ва донишҷӯёни ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд мулоқот намуданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон иброз намуданд, ки дар марҳилаи ҳозира таърихи арзишҳои миллӣ аҳамияти махсус пайдо намудааст. Тарбияи ҷавонони мамлакат дар руҳияи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихор аз Ватан, худшиносию худогоҳии миллӣ, меҳнатдӯстию масъулиятшиносӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии онҳо, истифодаи пурсамари иқтидори зеҳнӣ ва маънавии онҳо ба манфиати ҷомеа саривақтӣ буда, масъалаҳои муҳимтарини аҳли ҷомеа ҳисобида мешаванд, зеро рушди имрӯзу фардои ҷумҳурӣ ба ҳалли дуруст ва саривақтии масоили таълиму тарбияи фарзандони комил, сатҳи маълумот, маърифат ва салоҳияти онҳо вобаста аст.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







