01 Сентябрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рӯзи дониш ба Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ ташриф оварда, устодон ва донишҷӯёни ин боргоҳи маърифатро бо оғози соли нави таҳсили 2025-2026 табрику таҳният намуд.
Чорабинии тантанавӣ бахшиба Рӯзи дониш дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Директори Коллеҷ Амирҷон Нурзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Фаррух Мақсудзода, сардори раёсати тандурустии вилоят, номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи дониш ироа намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Соли нави таҳсил барои ҳар яки мо оғози марҳилаи тозае андӯхтани дониш, рушду камол ва таҳкими нерӯи зеҳнӣ мебошад. Дар солҳои истиқлолият таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф бештар гашта, дар сиёсати давлатдории хеш маорифро аз бахшҳои муҳимтарин, самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пояи асосии пешрафти ҷомеа ва кафолати рушди устувори давлат ба ҳисоб овардаанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мактаб макони муқаддасе мебошад, ки фарзандони мо дар муҳити он соҳиби саводу маърифат ва илму дониш мегарданд, мероси гаронбаҳои таъриху фарҳанги халқамонро аз худ мекунанд, сабақи ватандӯстиву оини ватандорӣ мегиранд ва ба туфайли он дар ҷомеа мақоми арзанда пайдо менамоянд».
Боиси фараҳмандист, ки соли равон дар вилоят 34 иншооти нави соҳаи маориф бо имкони қабули 3870 хонанда, инчунин 19 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 2150 кӯдак сохта шудаанд.
Баробари ин, роҳандозӣ гардидани озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» марҳилаи наверо барои густариши фаъолияти наврасону ҷавонон ва устодону омузгорони онҳо боз намуд. Озмунҳои мазкур ба болоравии сатҳи саводу маърифат, бедории ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон мусоидат карданд”.
Сипас, Фирдавс Шарифзода устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷандро бо Рӯзи дониш табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки дар фарҳанги миллӣ ва бостониву тамаддунсози халқи тоҷик масъалаи мактабу маориф, рушди босуботи илму маърифат, мавқеи ифтихорӣ ва тарбияи устоду омўзгор, мунтазам баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардум ва ба талаботи замона мувофиқу муносиб намудани он мақоми хосаю созандаро ишғол менамояд.
Бо назардошти анъанаҳои неку дурбинонаи халқи тоҷик ва мутафаккирони ҷаҳонпазируфтаи он дар сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми маориф ва таҳсилот дар мақоми аввал қарор дорад ва мактабу маориф доимо такягоҳи давлат ва тарғибгари ғояҳои навини он ба ҳисоб меравад.
Маориф яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи давлат ба ҳисоб рафта, бе маорифи пешрафта ва низоми дурусти таҳсилот ба ҳадафҳои муҳиму созандаи давлатдорӣ расидан душвор аст. Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии Истиқлоли миллӣ ба рушди илму маориф ва нерўҳои ақлонии мамлакат таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамояд.
Барҳақ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли илму маориф ва қувваи солими зеҳниро «Хазинаи тиллои миллат…» номида, дар ҳама кору пайкор, ҳолатҳои тақдирсози душвор, ниятҳои наву таърихӣ ва муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ, донишу таҷриба ва таклифу пешниҳодҳои онҳоро самаранок истифода менамояд.
Дар фароварди чорабинӣ аз номи ҷавонони Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони муассиса Анбарой Волидова барои ғамхории рӯзафзун ва доимӣ ба Давлату Ҳукумат арзи миннатдорӣ баён намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







