(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

МАОРИФ ОҒОЗИ ОҒОЗҲОСТ

Устодони собитқадам, омўзгорони гиромӣ!

Донишҷўён ва толибилмони азиз!

Ҳамасола бо оғози соли нави таҳсил Рўзи дониш ва баргузории дарси сулҳ дар қаламрави кишвар доир мегардад. Ба ин муносибат аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамаи шуморо самимона шодбод гуфта, дар фаъолияти пурмасъулу самарабахш ва рўзафзунатон баҳри таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон барору комёбӣ, даст-овардҳои нав ба нав ва муваффақиятҳои бешумор таманно мекунам.

Дар сиёсати созанда ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми маориф ва таҳсилот дар мақоми аввал қарор дорад ва мактабу маориф доимо такягоҳи давлат ва тарғибгари ғояҳои навини он ба ҳисоб меравад. Маориф яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи давлат ба ҳисоб рафта, бе маорифи пешрафта ва низоми дурусти таҳсилот ба ҳадафҳои муҳиму созандаи давлатдорӣ расидан душвор аст. Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии Истиқлоли миллӣ, ки дар остонаи сивучаҳорсолагии он қарор дорем, ба рушди илму маориф ва нерўҳои ақлонии мамлакат таваҷҷўҳи беандоза зоҳир менамояд.
Барҳақ, Пешвои муаззами миллат аҳли илму маориф ва қувваи солими зеҳниро хазинаи тиллоии миллат номида, дар ҳама кору пайкор, ҳолатҳои тақдирсози душвор, ниятҳои наву таърихӣ ва муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ, донишу таҷриба ва таклифу пешниҳодҳои аҳли маориф ва зиёро самаранок истифода менамоянд.
Устодону омўзгорони азиз!
Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон шаъну шарафи омўзгоронро чунин тавсиф намудаанд: «Миллате, ки омўзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба нахоҳад расид. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омўзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».
Таваҷҷўҳ ва ғамхориҳои рўзафзуни Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода нисбат ба соҳаи маориф, беҳдошти сифати таълиму тарбияи насли наврас, фароҳам овардани шароит ва имкониятҳои муосиру мусоиди таҳсил тавассути бунёди таълимгоҳҳои нав, таъмиру тармими бинои мактабҳо, бо таҷҳизоти техникии навтарин таъмин намудани онҳо аз ин далолат медиҳад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак» омадааст, ки дар таълиму тарбияи кўдак дар баробари падару модар ҳамчунин мактаб ва ҷомеа низ масъулият дорад. Ин се ниҳоди бузург – оила, мактаб ва ҷомеа дар нашъу намо ва рушди кўдаку наврас саҳми ҷиддӣ гузошта, барои ояндаи кишвари маҳбубамон мутахассис ва фарзандони лоиқи давронро тарбия хоҳад намуд.
Басо рамзист, ки оғози соли нави таҳсил дар остонаи солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Умедворем, ки шумо - насли наврас ва ҷавон бо ифтихор аз шуҷоату мардонагии аҷдодони худ бо ҳисси баланди худогоҳию худшиносии миллӣ ва ватандўстию ватандорӣ минбаъд низ пояҳои бинои мўҳташами Истиқлол ва сулҳу суботро устуворӣ ва таҳким мебахшед. Кишвари азизамон Тоҷикистон ва шаҳрамон Хуҷанди бостонро чун ҳомиёни далеру тавоно, чун соҳибватанони ғаюр, чун сокинони сарбаланд пуштибонӣ мекунед ва дар пешрафташ саҳм мегузоред.
Бори дигар оғози фараҳбахши соли нави таҳсилро ба кулли устодону омўзгорони азиз ва донишҷўёну мактабиён таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи тарбияи насли соҳибилму бомаърифат барору комёбиҳо таманно менамоям.
Оғози соли нави таҳсил муборак, устодону донишҷўён ва омўзгорону хонандагони азиз!

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...