30 Август 2025
Недоступен ни однин перевод.
Устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ дар толорҳои барҳавои муассиса суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ тариқи шабакаи телевизионӣ тамошо карданд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи донишро дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик маънидод намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дарси сулҳ на танҳо муҳимтарин масъалаҳои соҳаи маорифро мавриди баррасӣ қарор доданд, балки ба ҷавонон ҳамчун қувваи бузурги пешбарандаи кишвар ва умеди ояндаи миллат муроҷиат намуданд, ки танҳо илму дониш ва сатҳи баланди маърифат қобилияти расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, давлату давлатдорӣ, падару модар, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои бебаҳои миллиро фароҳам месозад.
Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки дар замони мо, ки рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технологияҳо ва бахусус, зеҳни сунъӣ хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо кардааст.
Сулҳ сари баланду қомати болои мо, бахту саодати ҳар як хонадон ва асоси пешрафти давлату миллат, аз ҷумла рушди соҳаи маориф мебошад.
Мактаб, оила ва ҷомеа – ин се неруи масъулу тавоно бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд ва ба хотири таълиму тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон дар ҳамбастагӣ ҷидду ҷаҳд намоянд.
Тоҷикистон Ватани маҳбуби мо, ҳастии мо ва обрӯю эътибори мост.
Зикр шуд, ки зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шароити кунунӣ яке аз зинаҳои афзалиятноки таҳсилоти касбӣ дар ҷумҳурӣ буда, барои баланд бардоштани иқтидори захираҳои инсонӣ ва соҳибкасб намудани шаҳрвандон саҳми босазо мегузорад.
Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала ва ба мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ду рӯз пеш бо қарори Ҳукумати мамлакат барномаи махсус барои давраи солҳои 2026 – 2030 қабул гардид, ки ҷиҳати амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ 300 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Ҳоло дар кишвар 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо аз рӯйи 14 самт ва 330 касбу ихтисос барои иқтисоди миллӣ кадрҳои коргарӣ тайёр карда мешаванд.
Дар ин муассисаҳои таълимӣ 23 ҳазору 500 нафар хонандагон ба касбомӯзӣ ҷалб гардидаанд, ки 1605 нафар омӯзгор ва 978 нафар устои таълими истеҳсолӣ ба таълиму тарбияи онҳо машғул мебошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар самти таҷдиди назар намудани стандарт, нақша ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим корҳои муайян ба анҷом расонида шуда, гузариш ба низоми бисёрхолаи баҳодиҳӣ ҳамчун қадами навбатии ислоҳоти соҳа пешбинӣ гардидааст.
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор карда шуд, ки масъалаи гузариш ба низоми бисёрхолаи баҳодиҳиро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, пешниҳоди худро дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат манзур созад.
Пешвои муаззами миллат гуфтанд, ки қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии мову шумост, ки ба хотири пешрафту ободии диёри баҳиштосои худ, хусусан, дар доираи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлоли давлатӣ пайваста заҳмат кашем ва обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Дар анҷоми суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонону наврасони ватандӯсти Тоҷикистон муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки мо бояд ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва тамоми тавону неруи худро барои ободии Ватанамон ва пешрафти давлати соҳибихтиёрамон равона созем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







