29 Август 2025
Недоступен ни однин перевод.
Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд дар остонаи соли нави таҳсил бо мақсади риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд силсилаи чорабиниҳоро пиёда намудааст.
Тавре, аз Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ба мо иттилоъ доданд, бо назардошти фаро расидани фаслҳои тирамоҳу зимистон ва баланд шудани хатари паҳншавии бемориҳои сироятии мавсимӣ, аз ҷумла: грипп ва сироятҳои роҳҳои нафас, гепатити А, бемориҳои рӯдаю меъда, бемориҳои сироятии кӯдакона ва ғайра иҷрои як қатор чораҳо ба роҳбарони муассисаҳоли таълимӣ тавсия дода шуд.
Кормандони Марказ таъмини тозагӣ ва безараргардонии мунтазами синфхонаҳо, ошхонаҳо ва ҳоҷатхонаҳо, истифодаи ҳатмии собун ва маҳлулҳои зиддибактериявӣ барои шустани дастҳо; назорати қатъии сифати оби ошомиданӣ ва нигоҳдории дурусти маҳсулоти ғизоӣ; гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни хонандагон ва аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ; дар сурати пайдо шудани нишонаҳои беморӣ – фавран ҷудо ва ба муассисаи тиббӣ равон намудани шахси бемор аз тадбирҳои муҳими пешгирии паҳншавии бемориҳои мавсимӣ дар муассисаҳои таълимӣ медонанд.
Ҳамчунин аз волидайн хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз фиристодани кӯдак ба мактаб, дар хона обро ҷӯшонанд ва ба зарфи пӯшида резанд. Дар хона ва назди кӯдак одати ҳамешагӣ — ҷӯшондани об пеш аз нӯшиданро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамаи ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки мо аз бемориҳои сироятӣ дур бошем, фарзандон ва худамонро аз мубталошави ба ҳаргуна бемориҳо эмин нигоҳ дорем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







