9417
(0 голоса, среднее 0 из 5)
27 Август 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба пешгирии равандҳои номатлуб, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, тарғибу ташвиқи суннат ва фарҳанги миллӣ, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва ҳамчунин ҷиҳати вусъат бахшидан ба бунёдкориву созандагӣ, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ байни ҷомеа таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва масъулини дахлдор ҷаласаи корӣ баргузор шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласа ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Таъкидҳои доимии Пешвои муаззами миллат дар масъалаи таҳкими ҳувият ва худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстию ватанхоҳӣ, ифтихори миллӣ омилҳои муҳимме мебошанд, ки баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ хеле муҳиманд.
Имрӯз аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти ризоияти миллӣ ва таъмини Ваҳдати миллӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби зиёда аз 190 давлати ҷаҳон ҳамчун давлати мустақили соҳибистиқлол расман шинохта шудааст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими мамлакат боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид ва ҳар тоҷик аз он ифтихор дорад, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил аст.
Зимни баромади худ, муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода гуфт, ки таърихи даврони соҳибистиқлолии мо ба мо, насли имрӯза, сабақи садсоларо додааст. Сабақи талхи ҷанги шаҳрвандӣ моро водор мекунад, ки ҳар қадами минбаъдаи худро дар масири давлатсозӣ дониста ва санҷида гузорем, зеро сӯзонидан осон аст, бунёд кардан заҳмати зиёдро талаб мекунад. Ҳамчунин, вазъи ҷаҳони муосир ва раванду тамоюлҳои дар он идомадошта метавонанд сатҳи осебпазирии ваҳдати миллиро баланд бардоранд. Талошҳои абарқудратҳо баҳри васеъ намудани доираи таъсири худ, авҷ гирифтани набардҳои иттилоотию идеологӣ, таҳмили арзиш ва меъёру қоидаҳои бегона омилҳое мебошанд, ки мафкураи ҷамъиятиро осебпазир мегардонанд. Вобаста ба ин, тақвияти амалҳо дар самти устуворгардонии мафкуравӣ ва муқовимати самараноки иттилоотию идеологӣ дар роҳи таъмини устувории ваҳдати миллӣ амри зарурӣ мебошад.
Сипас, аъзои гуруҳи корӣ, аз ҷумла Ғайрат Оқилзода, сардори Раёсати шуғли аҳолии вилояти Суғд, Бахтиёр Исматзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Мирзоғуфрон Ғафуров, сармутахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, Фирдавс Салимов, муовини Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Нафиса Нурматова, мутахасиси шуъбаи дин ва танзими расму оини вилоят доир ба натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар сохторҳои шаҳрдорӣ ва маҳаллаҳои шаҳр гузориш ироа намуданд.
Баъди анҷом гузориш масъулини дахдор ҷиҳати ҷоннок намудани корҳо ва ислоҳи камбудиҳо муваззаф шуданд.
Таъкид шуд, ки яке аз масъалаҳои асосӣ вобаста ба дарки манфиатҳои миллӣ- ин ташвиқи ҳисси ифтихори миллӣ, махсусан бедоршавии хотираи таърихии мардум ва насли наврас дар бораи фарҳанги бойи гузаштагон ва давлатдории миллӣ мебошад, ки барои тақвияти худшиносию худогоҳии миллӣ ва истиқлолияти том метавонад заминаи муҳими маънавӣ гардад.
Доштани мақоми давлати соҳибихтиёр ба мамлакат имкон медиҳад, ки мардуми кишвар мустақилона масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии истиқлоли худро муайян намуда, салоҳияти худро тавассути истиқлолияти миллӣ дар сохторҳои гуногуни иттиҳодияҳои байнидавлатӣ муқаррар созад.
Соҳибистиқлолӣ шароит фароҳам меоварад, ки барномаҳои гуногуни стратегӣ ва кӯтоҳмуддат қабул шуда, мақомоти салоҳиятдори давлатӣ бо такя ба иродаи мардум ҳифзи манфиатҳои миллиро таъмин намоянд. Дар айни замон соҳибистиқлолӣ барои таҳкими асосҳои демократия ва хусусияти дунявияту иҷтимоии давлат шарти муҳими сиёсӣ мебошад.
Мо бояд ба қадри ин неъматҳо расем ва онро чун гаҳвораки чашм ҳифз намоем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд