26 Август 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар кӯдакистони №37-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби тарбиятгирандагони гуруҳи омодагӣ омодагӣ ба мактаб маҳфил таҳти унвони "Салом мактаб" баргузор шуд.
Тарбиятгирандагон донишу маҳорати омӯхтаи хешро бо роҳбарии мураббияи хеш ба маърази тамошо гузоштанд.
Таъкид шуд, ки дар ин лаҳзаҳо шодии дустрӯяконе, ки бори аввал ба боргоҳи илму маърифат қадам мениҳанд, ҳадду канор надорад. Зеро онҳо дар фазои сулҳу оромӣ ва Ваҳдату ҳамбастагӣ барои ояндаи дурахшони худ ва Ватани азиз таҳсилро шуруъ менамоянд.
Дар навбати худ, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба соли таҳсили нав омодагии хуб дида, бо руҳияи тозаву масъулияти баланд хонандагонро пурра ба таълиму тарбия фаро мегиранд. Зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ бе донистани илми муосир ягон давлат тараққӣ намуда наметавонад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







