20 Август 2025
Недоступен ни однин перевод.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода 3 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд, Сарфарозхӯҷа Олимов, Шукрона Ҳасанова ва Саиднисо Каримова, ки дар озмунҳои дарёфти аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2024-2025-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали тилло комёб гардиданд, ба ҳузур пазируфт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ин дастоварди мактабиёнро натиҷаи назарраси заҳмати шабонарўзии омўзгорон, волидайн ва худи хонандагон арзёбӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки парвариш ва ташаккули шахсиятҳои босаводу соҳибмаърифат вазифаи асосӣ ва муҳимтарини мактабу маориф ба шумор меравад. Бо иқдомоти пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди пайвастаи мактабу маориф таваҷҷуҳи рӯзмарра зоҳир карда мешавад ва маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Давлат муайян шудааст. Дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати босифат амалӣ гардидани сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра тадбирҳои муҳим андешида шуда, доир ба ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тадбирҳои зарурӣ татбиқ гардида истодаанд. То ба имрўз заминаҳои муосири моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ бахусус кабинетҳои фаннӣ таъмин гардида, танҳо аз хонандагону омўзгорон дастоварду комёбиҳоро интизорем.
Шаҳрдор зимни суҳбати озоду ошкоро бо ғолибони озмун, баъди супоридани имтиҳоноти ҷиддӣ ва шаффоф ба даст оварданд, аз идомаи таҳсили эшон дар донишгоҳҳои олӣ ва нақшаву орзуҳояшон пурсон шуда, барои ба воя расидан ва аз худ намудани касбҳои интихобкардааш ҳидоятҳо намуд. Қобили қайд аст, ки аз онҳо аллакай ба донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ва хориҷи он дохил шудаанд.
Хонандагон барои таваҷҷуҳи доимӣ ва дастгирӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосгузорӣ намуданд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравии шаҳрдориро тақдим намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







