19 Август 2025
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз бо иқдоми КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ"-и шаҳри Хуҷанд ва дастгирии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар микроноҳияи 18-уми маҳаллаи "Мевағул"-и шаҳри Хуҷанд дар назди биноҳои нави баландошёна партовгоҳи нав бо қуттиҳои ҷадид ташкил карда шуд.
Қаблан дар ин макон бинобар набудани партовҷой шаҳрвандон партовҳои худро гузошта, ин мавзеъро ба партовгоҳи сунъӣ табдил дода, ҳавои муҳити зистро вайрон менамуданд.
Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш ва даъват ба амал оварда мешавад, ки минбаъд партовҳои хешро дар ин ин партовгоҳи нав гузошта, одоби баланди шаҳрнишиниро риоя намоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







