18 Август 2025
Недоступен ни однин перевод.
Юсуфҷон Домуллоҷонов, омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ ва корманди Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи шаҳри Хуҷанд дар даври омӯзишии байналмилалии «KLIC LEAD Global Workshop 2025», ки аз 4 то 13 августи соли равон дар шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар ин барномаи омӯзишӣ, ки бо ҷалби 30 омӯзгори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирокчиён доир ба зеҳни сунъӣ (AI), барномасозӣ, EduTech, тарҳрезии дарс ва истифодаи технологияҳои рақамии муосир машғулиятҳои амалӣ гузаштанд. Ҳамчунин, шиносоӣ бо муассисаҳои таълимии инноватсионӣ, ширкатҳои пешрафтаи технологӣ ва фарҳанги Корея сурат гирифт.
Дар маросими ҷамъбаст аз ҷониби роҳбарияти Департаменти маорифи шаҳри Сеҷонг ба иштирокчиён сертификатҳои хатми барнома супорида шуданд. Юсуфҷон Домуллоҷонов таассуроти худро чунин баён дошт: «Ин ҳамкории судманд барои мо омӯзгорони тоҷик имконият фароҳам овард, ки бо таҷрибаи муосири кишварҳои пешрафта шинос гардида, донишҳои андӯхтаамонро дар рушди маорифи Тоҷикистон татбиқ намоем».
Бояд қайд намуд, ки ҳамасола шогирдони омӯзгорони эҷодкору ташаббускор ба монанди Юсуфҷон Домуллоҷонов дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо дастовардҳои шоиста шарафи Ватанро баланд мебардоранд. Ҷоиз ба зикр аст, ки чорабинии байналмилалии мазкур дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти маорифи шаҳри Сеҷонг баргузор гардида, ба рушди ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар соҳаи маориф мусоидат хоҳад кард.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







