29 Июл 2025
Бо мақсади амалӣ намудани дастури супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳарчи бештар омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, аз ҷумла омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар МТМУ №6 маҳфилҳои касбомӯзию эҷодкорӣ, аз қабили дастони моҳир, дӯзандагӣ,техникони ҷавон, китобхони беҳтарин ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст.
Ин маҳфилҳо бо мақсади дар давраи таътил барои ба оворагардӣ роҳ надодани хонандагони муассиса роҳандозӣ гардидааст.
Имрӯз тибқи нақшаи шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаҳои касбомӯзӣ ҳидояти ҷавондухтарон ба рузғордорӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллии мардуми тоҷик як қатор корҳои назаррас аз тарафи аъзоёни маҳфилҳои дар МТМУ №6 амалкунанда намоиш дода шуд.
Масъулин таъкид доштанд, ки ҳадаф аз он самаранок истифода намудани таътили хонандагон, ҷалби кӯдакон ва наврасон ба омӯзиши касбу ҳунар, аз ҷумла дар вақти таътил дар шароити хона омӯзонидани ҳунарҳои волои мардумӣ, рушди қобилияту истеъдоди хонандагон ва инчунин ҳифзи саломатии толибилмон аз хатару бемориҳои гуногун мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







