29 Июл 2025
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аксияи ватандӯстона таҳти унвони «Парчам — рамзи Истиқлолият» идома ёфт.
Ин иқдоми дар доираи ҳамкорҳои самарабахши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр роҳандозӣ гардида, ҳадафи он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ ва таҳкими ифтихори миллӣ дар ҷомеа мебошад.
Дар доираи ин аксия кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, варзишгарон ва фаъолони бахши ҷавонон дар хиёбони Раҳим Ҷалили маҳаллаи “Сирдарё”-и шаҳри Хуҷанд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои хизматрасонии маишӣ насб намуданд. Бо ифтихору муҳаббат ба Ватан, иштирокчиёни ин иқдом рамзи муқаддаси давлат Парчами миллиро ҳамчун нишони Ваҳдат, якпорчагӣ ва Истиқлолият дар ҷойҳои намоён насб карданд.
Ин гуна иқдомҳо на танҳо ба зебоии зоҳирии муҳити шаҳр саҳм мегузоранд, балки ҷиҳати таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ дар байни аҳолӣ, бахусус насли наврасу ҷавон, нақши муассир мебозанд.
Аксияи «Парчам — рамзи Истиқлолият» дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ идома хоҳад ёфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







