29 Июл 2025
Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ ва Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ширхоргоҳ-кўдакистони №24-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ бо номи “Шоҳи обӣ” ташкил ва гузаронида шуд.
Дар мусобиқа гуруҳҳои тарбиятгирандагони муассисаи томактабии №24 бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Ҳарду дастаҳо бо ҳам аз рўйи 5 шарт дар рақобат шуданд.
Мусобиқаро маъмурият ва мураббиёни кӯдакистони №24 мушоҳида намуда, ба фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки барои тарбияи солимии кўдакон дар МТТ №24 инфрасохтори зарурӣ барои обутоби кӯдакон муҳайё карда шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







