28 Июл 2025
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли 2025 сурат гирифт.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми шашмоҳаи аввали соли 2025 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли сипаригашта баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади иҷрои босифату саривақтии Амру Фармонҳо ва инчунин дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода як силсила корҳои назарраси созандагиро роҳандозӣ намуд. Бояд зикр намуд, ки дар давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ ва дар натиҷаи дарёфти захираҳои иловагӣ ба мо имконпазир гашт, ки рушди бонизоми иқтисодии шаҳр ҳамчун қисми таркибии иқтисодиёти кишварамон сифатнок таъмин карда, давраи ҳисоботиро бо дастовардҳои назаррас натиҷабардорӣ намоем.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади тақвияти ҳадафи саноатикунонии босуръат дар шаҳр корҳои пурмаҳсул ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа аз ҷониби корхонаҳои калону хурд 922,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Аз ин миқдор 214,7 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 113,8 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра аз ҷониби 126 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 490,9 млн. сомонӣ маҳсулотҳои воридотивазкунанда истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 82,8 млн. сомонӣ зиёд ё 120,3 фоизро ташкил медиҳад.
Дар раванди рушду инкишофи ин соҳа бо ҷалби зиёда аз 20,0 миллион сомонӣ сармояҳо 23 адад корхонаҳои нави истеҳсолии хурд таъсис дода шуд, ки он боиси зиёд шудани ҷойҳои кории иловагӣ ва иқтидори истеҳсолии соҳаи саноат гаштааст.
Дар натиҷаи самаранок ба роҳ мондани тарзи нави интиқоли биллингӣ ба муштариёни шаҳр пардохти маблағи истифодаи нерўи барқ сари вақт таъмин шуда, талафот бошад, 7,2 фоизро ташкил намудааст.
Новобаста, аз таъсири хатарҳои бўҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, дар дигар сектори реалии иқтисодиёти шаҳр низ, нишондиҳандаҳои асосӣ пурраю барзиёд таъмин гардида, ҳаҷми сармоягузории асосӣ ба сохтмон 514,5 миллион сомонӣ ё 118,5 фоиз, корҳои сохтмону васлкунӣ 489,3 миллион сомонӣ ё 163,3 фоиз, корҳои пудратӣ 467,4 миллион сомонӣ ё 247,9 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 884,8 миллион сомонӣ ё 100,5 фоиз, ҳаҷми муомилоти гардиши мол 2,7 миллиард сомонӣ ё 122,0 фоиз, содироти молҳо 29,7 миллион доллари амрикоӣ ё 120,7 фоиз, воридоти молҳо 199,1 миллион доллари амрикоӣ ё 105,7 фоиз, сармоягузорӣ 38,0 миллион доллари амрикоӣ ё 114,5 фоиз, сармояи дохилӣ 27,3 миллион доллари амрикоӣ ё 102,6 фоиз, сармояи хориҷӣ 8,2 миллион доллари амрикоӣ ё 164,0 фоиз, сармояи мустақим 2,5 миллион доллари амрикоӣ ё 151,1 фоиз, ҳаҷми кашонидани бор 2,5 миллион тонна ё 130,0 фоиз, мусофиркашонӣ 50,8 миллион нафар ё 104,6 фоиз ва музди миёнаи маоши кормандон 2 ҳазору 754 сомонӣ ё 120,9 фоизро ташкил дод.
Натиҷаи самаранок истифода бурдани имкониятҳои иловагии тамоми соҳаҳо баҳри ташаккули буҷет имкон дод, ки нақшаи қисми даромади буҷети умумӣ 111,9 фоиз, ё 52,9 миллион сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ 106,1 фоиз, ё 11,8 миллион сомонӣ аз нақшаҳои пешбинишуда барзиёд таъмин гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, дар панҷ соли охир сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта, то имрўз 964 адад бунёд гардида, он 101,5 фоизи нақшаро ташкил дода, нақшаи 5 сола пеш аз мўҳлат иҷро гардид. Аз миқдори умумии иншоотҳои бунёдгардида 239 адади он ба нимсолаи якуми соли 2025-ум рост меояд.
Дар доираи сафарҳои кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 6 адад иншоотҳои ҳаётан муҳими шаҳр иштирок варзида, ба онҳо ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар корҳои ободонию гулзоркунӣ саҳми соҳибкорону аҳолӣ низ, мунтазам фаъол гардида, дар мавзеъҳои шаҳр дарахтони ороишию мевадиҳанда ва ҳамешасабз, инчунин гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ шинонида шуда, баҳри ҳусну таровати замонавӣ бахшидан ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр фурўзонакҳою равшанкунакҳои муосир насб карда шуда, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор карда шуданд.
Дар ин давра баҳри дастгирии иҷтимоии ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат 6483 оилаҳо аёдат карда шуданд.
Ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таваҷҷўҳи бештар зоҳир гардида, соли сипаригашта муассисаҳои ин соҳаҳо барои ба талаботҳои муосир ҷавобгў будан, бунёду азнавсозӣ ва таъмиру таҷдид гардиданд.
Зикр гардид, ки ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои омўзиши забонҳои русӣ ва англис ба роҳ монда шуда, дар назди 28 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 56 гурўҳ бо забони русӣ фаъолият дошта, 250 нафар омўзгорони фанни забони русӣ ва 286 нафар омўзгорони фанни забони англисӣ фаъолият мебаранд.
Дастаи мактаббачагони шаҳр дар олимпиадаи вилоятӣ ба гирифтани 314 мақоми ифтихорӣ, дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби 154 ҷойҳои ифтихорӣ гардида, дар миқёси вилоят шаҳри Хуҷанд дар ҷойи якум нишондиҳандаи беҳтаринро сазовор гардид.
Дар олимпиадаҳои байналмилалии 1276 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, 204 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ҳамчунин баҳри рушди маънавию фарҳангии ҷомеа дар шаҳр 45 адад чорабиниҳои гуногун доир гардид, ки дар он зиёда аз 42,0 ҳазор нафар сокинону 10 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ иштирок намуданд.
Баҳри баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони соҳаи тандурустӣ, бахусус мутахассисони ҷавон зиёда аз 40 нафар табибон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Ҳиндустон, Ўзбекистон ва дигар давлатҳо давраи такмили ихтисосро гузашта, имрўзҳо гузаронидани зиёда аз 10 намуди ҷарроҳиҳои муосирро ба роҳ мондаанд, ки теъдоди ба табибони хориҷи кишвар муроҷиат намудани сокинонро тадриҷан коҳиш додааст..
Дар самти баланд бардоштани маънавиёт ва рушди соҳаи фарҳанг дар шаҳр бахшида ба ҷашнҳои таърихӣ 94 маротиба чорабиниҳои фарҳангӣ бошукуҳу хотирмон бо иштироки зиёда аз 59,8 ҳазор нафар шаҳрвандон таҷлил гардид.
Сипас дар қисмати саволу ҷавоб ба муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода аз ҷониби рӯзноманигорон, аз ҷумла: Мирзоаъзам Мақсудов, рӯзномаи “Народная газета”, Нодир Турсунов “Садои мардум”, Мадина Поччоева, рӯзномаи “Даво”, Қамари Аҳрор, ОИ “Спутник”, Мафтуна Шукурова, ШТР “СМ-1”, Фарзона Муродӣ, ОИ “Азия плюс””, Фарзона Шамсиева “Пресса тҷ”, Ӯғулой Раҷабова, “ШТР “7 ситора”, Афзал Босолиев “Азия”, Фирӯза Мирҷумъаева, ШТР “Диёр”, Мастона Муҳидуллозода радиои “Тоҷикистон” ва дигарон доир ба самтҳои мухталифии хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла, бунёди хонаҳои баландошёна, хизматрасонии коммуналӣ, тадбирҳои ободонӣ, фаъолияти муназзами нақлиёти мусофиркаш, ободонии маҳаллаҳо, маданияти шаҳрдорӣ, лоиҳаи “Шаҳри бехатар”, вазъи экологӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас дарёфтанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







