23 Июл 2025
Саломатии инсон — арзиши бебаҳои зиндагӣ ва асоси рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо дарки ҳамин мақсад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сохторҳои соҳаи тандурустӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд, то сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ба мардум беҳтар гардонида шавад.
Яке аз чунин иқдомҳои муҳиму муфид баргузории “Корвони саломатӣ” мебошад, ки тибқи дастуру супориши Раиси шаҳри Хуҷанд, чорабинии навбатии “Корвони саломатӣ” дар Маркази саломатии №1-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар маҷмӯъ аз тарафи мутахассисони соҳа ба 454 нафар хизматоасони намуданд.
Инчунин, аз ҷониби кормандони Маркази тарзи ҳаёти солими шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ байни аҳолӣ гузаронила шуда, маводи иттилоотӣ паҳн карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







