22 Июл 2025
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос гардид.
Зимни боздид аз Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд” иттилоъ дода шуд, ки бинобар кӯҳнашавии биноҳои мавҷуда, ки ҳанӯз дар солҳои 40-уми асри гузашта сохта шудаанд, зарурат ба миён омад, ки биноҳои асосиву ёрирасони муассиса пурра ба таври муосир аз нав бунёд гарданд.
Айни ҳол дар муассиса 33 нафар кӯдакону шахсони аз навозиши падару модар маҳрум ва дорои маъюбият таҳти ғамхорӣ қарор дошта, 58 нафар мутахассисон ба онҳо хизмат мерасонанд.
Раиси вилоят барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва муҳайё намудани шароити арзанда ба кӯдакон ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Раиси вилоят ҳамзамон бо ҷараёни сохтмони бинои нави Беморхонаи вилоятии саратоншиносӣ шинос шуд. Иншооти мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мегардад, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки танҳо дар шаҳри Хуҷанд беш аз 950 иншоот дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” яке аз марказҳои муҳими саноатии кишвар маҳсуб ёфта, айни ҳол 44 субъект дар он фаъолият доранд. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ айни замон бунёди бинои маъмурии Минтақаи озоди иқтисодӣ бо маром идома дошта, тибқи иттилои масъулин соли равон ба анҷом мерасад.
Зимни боздид Раиси вилоят аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла ҶДММ “Адл” ва ҶДММ “Донаи Алмос”, шинос гардид. ҶДММ “Донаи Алмос” дар самти коркард ва содироти меваҳои шаҳдбор фаъолият бурда, маҳсулоти худро ба кишварҳои Туркия, Олмон, Озарбойҷон, Ироқ, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон содирот менамояд. Фаъолияти корхона барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмин намудани занону бонувони хонашин бо ҷои кори доимӣ мусоидат мекунад.
Дар самти ободонии шаҳр низ корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд. Масалан, дар Боғи фарҳангиву фароғатии “Суғдиён” корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Масоҳати умумии боғ 5,3 гектарро ташкил дода, он бо тарҳи муосир ва инфрасохтори замонавӣ бунёд мегардад. Дар оянда боғ ба макони фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳр табдил хоҳад ёфт.
Ҳамчунин, дар назди Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд бинои иловагӣ бунёд мешавад, ки барои таъмини шароити беҳтари таҳсил ба хонандагон заминаи мусоид фароҳам меорад. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд зарурати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ ба миён омадааст.
Дар маҷмӯъ, бунёди иншооти нав барои таъмини сокинон бо ҷойи кор, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани зиндагии арзанда ба мардум замина мегузорад.







