18 Июл 2025
Дар маркази шаҳри Хуҷанд, дар кўчаи академикон Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо расман филиали тарабхонаи амрикоии зудхизматрасонии KFC ифтитоҳ гардид.
Дар ин тарабхона асосан тамоми хӯрокҳои зудпаз аз гӯшти мурғи истеҳсоли ватанӣ, ки дар тамоми ҷаҳон машҳур буда, тамъи хосса доранд, омода карда мешаванд. Аз ин пас сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд имкон доранд, то дар тарабхонаи наву замонавӣ ба истеъмоли хӯроки табъи дил машғул шаванд. Ин аввалин тарабхонаи брендӣ дар шаҳри Хуҷанд буда, то ба имрӯз даҳ адад дар шаҳри Душанбе ва як адад дар шаҳри Ваҳдат филиалҳои тарабхонаи мазкур ифтитоҳ гардидаанд. Баъди истифода додани он 120 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар як вақт ба 350 нафар мизоҷон хизмат расонида мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар масоҳати 500 метри мураббаъ бунёд шуда, аз ду ошёна иборат мебошад ва зимни сохтмони он тамоми имконоти муосири хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст. Ҷамшед Набизода, аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ифтитоҳи филиали тарабхонаи амрикоии зудхизматрасони KFC дар шаҳри Хуҷандро дар доираи нақша-чорабиниҳои созандагию бунёдкорӣ таҳният гуфта, ба масъулин ҷиҳати пеш бурдани фаъолияти пурсамар муваффақияту бурдбориҳо орзу намуд. Дар маросими кушодашавии он муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







