02 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТМУ № 3 шаҳри Хуҷанд тибқи нақша- чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 80 солагии Ғалаба бар фашизм ва 40 солагии таъсисёбии осорхонаи мактаб конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Саҳми Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар Ғалабаи бузург” баргузор шуд.
Нахуст меҳмонон бо мақсади арҷгузорӣ ба хидмати шаҳидони ҶБВ солҳои 1941-1945 бар пояи лавҳаи ёдгорӣ гулчанбар гузоштанд. Дар даромадгоҳи муассиса хонандагон акси пайвандони хеш ва зодагони шаҳри Хуҷанд, ки дар муҳорибаҳои ҶБВ корнамоиҳои ибратбахш нишон додаанд, муаррифӣ намуданд.
Зимни шиносоӣ бо осорхонаи «Бригадаи 99-уми тирандозии алоҳидаи тоҷик», ки дар назди муассисаи таълимӣ ҳанўз соли 1985 бо иқдоми Корманди Шостаи Тоҷикистон Муҳаммадназир Аҳмадов таъсис ёфта буд, иттилоъ дода шуд, ки он дар тарбияи ватандўстиву меҳанпарастии насли наврас саҳми арзандаи хешро гузошта меояд.
Сипас, дар толори муассиса бо иштироки меҳмонон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Саҳми Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар Ғалабаи бузург” оғоз гардид.
Дар конфронс муовини Раиси собиқадорони вилояти Суғд Шавкат Алиев, консули генералии Федератсияи Руссия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланик, мудири “Хонаи устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарипов, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода, раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони хизмати ҳарбии вилояти Суғд Шарифҷон Азизов, намояндаи «Россотрудничество» дар шаҳри Хуҷанд Татяна Мудрова, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Шаҳноза Мақсудзода, директори МТМУ №3-и шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Умарзода дар бораи саҳми Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ғалабаи ҶБВ маърӯзаҳо намуданд.
Таъкид гардид, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст доданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 57 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз он ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо кор дар корхонаҳои саноатӣ, хусусан комбинати арбешими Ленинобод, фабрикаи бофандагии «Красний ткач» ва дигарҳо ҳама аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» фаъолият мебурданд. Ҳар сокини Ватандӯст мехост камтарин имконияти худро барои дастгирии армияи советӣ ва аскарон қурбон кунад. Ва бо ҳамин рӯзу соати Ғалабаро тезонад.
Сипас ба як қатор фаъолон туҳфа ва Сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Барномаи фарҳангии муҳассили МТМУ №3 анҷомбахши конфронс буд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд