02 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарияти Раёсати маорифи вилоят, шаҳри Хуҷанд, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояту шаҳр, муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, волидайн ва хонандагон маросими истиқбол аз ғолибон ва иштирокдорони Олимпиадаи байналмилалии BRAINIACS баргузор гардид.
Ғолибон бо руҳияи баланд ва саршор аз шодӣ пешвоз гирифта шуда, барояшон гулдаста тақдим гардид.
Дар маросими истиқболи ғолибон - иштирокчиёни олимпиадаи байналмиллалӣ, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Бахтиёр Сарҳатов Бахтиёр, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Шаҳноза Мақсудзода, директори МД "Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо-"-и назди Раёсати маорифи вилояти Суғд Фирӯза Абдувоҳидзода ва директори МД 'Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо'-и назди шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Даврон Ёқубзода, роҳбарон, устодон, омӯзгорони ва волидайни муассисаҳои таълимии номбурда иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки бо донишу заковати баланд соҳиб шудан ба мақомҳои ифтихорӣ дар чунин Олимпиадаҳои бонуфуз ин обрӯву эътибори миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар олимпиадаи байналмиллалии “Brainiacs Olympiad» аз муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд 24 нафар дар шаҳри Куала – Лумпури давлати Малайзия иштирок намуда, 13 нафар соҳиби медал шуданд. Дар Олимпиадаи мазкур аз муассисаи таълимии “Оксфорд”– 11 нафар, литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд- 5 нафар, муассисаи таълимии “Камоли Хуҷандӣ” - 7 нафар иштирок намуда, 3 нафар ҷойи якум, 5 нафар ҷойи дуюм, 5 нафар ҷойи сеюм ва 11 нафар ҷойи ифтихориро сазовор гардиданд.
Ҳамин тавр, муҳассилини Мактаби “Оксфорд” Некрӯз Ашӯров ва Муҳаммад Каримзода мақоми аввал, Абармард Абдунабиев, Дилангез Айматова, Муҳаммадҷовид Асроров ва Иброҳим Султонов ҷойи сеюм, хонандагони литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Аъзам Абдусаидов, Абӯбакр Абдулқосимов мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Дастпарварони мактаби Камоли Хуҷандӣ-Фариз Исроилов ҷои якум, Афзал Раҳмонов ҷои дуюм ва Абдураҳмон Зикиров ва Далершоҳ Анварзода мақоми сеюмро соҳиб шуданд.
Қобили қайд аст, ки аз 24 то 30-юми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии Brainiacs баргузор шуда, дар ин Олимпиада кишвари моро 117 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар муаррифӣ намуданд, ки аз ин шумора 12 нафар сазовори медали тилло, 12 нафар сазовори медали нуқра ва 36 нафар сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд