02 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ ба ифтихори 1045-солагии олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, файласуф, энсиклопедист Абўалӣ ибни Сино конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони "Абӯали ибни Сино-Олим ва мутафаккири бузург" ташкил ва баргузор гардид.
Конфронс дар доираи нақша-чорабиниҳои кафедраи забони давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади иҷрои фармоиши раиси Кумита оид ба таҳсилот ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми январи соли 2025 № 09 «Дар бораи баргузории таҷлили ҷашни 1045 - солагии олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул,шоир, ҳаким Абўалӣ ибни Сино ба тавсиб расидааст" гузаронида шуд.
Нахуст Мӯнисахон Умарова мудири кафедраи забони давлатӣ кори конференсияро ҳусни ифтитоҳ бахшида аз ҳаёт ва фаъолияти ин нобиғаи аср суханронӣ намуд. Зикр гардид,
ки Абўалӣ ибни Сино –табиби бузург, мутафаккир, файласуф, риёзидон ва олими нотакрор мебошад. Осори ин нобиғаи бузург ва мутафаккири беҳамтои шарқ мутаалиқ ба барҷастатарин осори ҷаҳонист, ки фарҳанги дунявиро ғанӣ гардонидаанд. Эҷодиёти Абўалӣ ибни Сино фарогири нодиртарин таҳқиқҳои илмӣ аст. Исми пурраи Сино , Абў Алӣ Ҳусайн ибни Абдулло ибни Ҳасан ибни Алӣ Ибни Сино аст. Ў дар Гарб бо номи Авитсенна маъруф аст. Ин мафҳум маънои донишманди бузург ва фарҳангнигор, табиб ва файласуф, олим ва мутафаккир, шоир ва адабиётшиносро, ки дар ҳама риштаҳо муваффақ будааст, дар бар мегирад. Бо исми Авитсена пешравиҳо дар соҳаи илми тиб, фармакология ё худ дорушиносӣ ташхису ҷаррохӣ ва равоншиносӣ иртибот мегирад.
Имрӯзҳо мояи ифтихори миллати мост, ки Абўалӣ ибни Сино мутафаккир ва олими баргузидаи тоҷик аст. Тамоми оламиён ўро аз миллати тоҷик буданаш мешиносанд. Усули асосии Абӯалӣ ибни Сино дар тиб назария ва амалия бо ҳам иртибот дошта, пояи ҳам ҳастанд. Вагарна илми тиб нотавон буда, қодир ба пешрафт намебошад. Дар ин хусус, Абӯалӣ ибни Сино чунин гуфтаааст: «Пизишк бояд мисли уқоб тезчашм, мисли маҳбуба латифдаст, мисли мор ҳушёр, мисли шер далер бошад». Ва боз «Табиб бояд ҳалиму хоксор, накӯкор, софдил, беғаразу ҳақиқатгӯ бошад».
Ҳамчунин дар кори конфронс омӯзгорони кафедра оид ба осори гаронбаҳои олим маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа намуданд. Аз ҷумла омӯзгорони кафедраи забони давлатӣ Манзура Раҳимова оид ба осори " ал- Қонун-фит-тиб" , Муаззам Ғаниева оид ба " Зиндагинома ва эҷодиёти олим", Сурайё Файзуллоева дар мавзуи " Таълимоти ахлоқии Абӯалӣ ибни Сино" , инчунин аз тарафи донишҷуи бахши якуми муассиса Шабнам Аҳмадҷонова аъзои маҳфили «Нури маърифат»- и кафедраи забони давлатӣ оид ба «Ақидаҳои панду ахлоқӣ дар рубоиҳои Абўалӣ ибни Сино» маърузаҳои пурмӯҳтаво ироа гардид.
Сипас адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ Маҳмадшо Маҳмадшоев суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар таърихи адабиёти форсу тоҷик Ибни Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гашта, муҳимтарин қисмати осори адабии ўро шеърҳо ташкил медиҳанд. Қасида ва газалҳои шоир тасаввуфӣ ва ахлоқианд. Вале рубоиҳои Абўалӣ ибни Сино шоирона садо дода, роҷеъ ба масоили иҷтимоӣ ва ахлоқӣ эҷод шудаанд. Зикр гардид ки аз Абўалӣ ибни Сино беш аз 450 рисолаи дар абвоби мухталифи илм навишта, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо аксар соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тои он дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар саҳаи пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «аш-Шифо» ва «ал-Қонун-фит-тиб» ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои тахассусӣ ва фалсафии буда ва дар донишгоҳҳои Урупо то садаи XIX тадрис мешуданд.
Конфронс бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд