(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори маркази саломатии №3-и ш.Хуҷанд бахшида ба 50 солагии фаъолияти меҳнатии табиби ҳозиқ, духтури дараҷаи олӣ Абдуҷалил Исмоилов маҳфил баргузор шуд.

Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Каҳҳорӣ аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода фаъолияти нимасраи Абдуҷалил Исмоилов тавсиф намуда, иттилоъ дод, ки табиби ҳозиқ, духтури дараҷаи олӣ Абдуҷалил Исмоилов 2 майи соли 1950 дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Пас аз хатми сарбаландонаи мактаби миёнаи №15-и шаҳри Хуҷанд ҳуҷҷатҳояшро бо дили пур ва орзуву ормонҳо ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино месупорад. Аз байни довталабони зиёд дар қатори беҳтаринҳо Абдуҷалил Исмоилов тавонист унвони донишҷўиро соҳиб гардад. Соли 1973 донишгоҳро бо ихтисоси духтур-педиатр бо сари баланд ба итимом расонд. Интернатураро дар беморхонаи бачагонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд гузашт. Фаъолияти дармонбахширо ҳамчун духтури бачагона аз моҳи августи соли 1974 дар шўъбаи бачагонаи беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшид. Солҳои 1976-1977 дар беморхонаи ҷамоати деҳоти Ғўлакандози ин ноҳия дар шўъбаи бачагона рисолати касбии худро софдилона анҷом дод. Аз моҳи ноябри соли 1977 то соли 1994 мудири дармонгоҳи бачагонаи №2-и шаҳри Хуҷанд шуда, кор кард. Аз моҳи майи соли 1994 то соли 2008 мудири дармонгоҳи бачагонаи №1-и шаҳри Хуҷанд буд. Аз сентябри соли 2008 то 2009 муовини сардухтури маркази саломатии №3-и шаҳри Хуҷанд ва аз апрели ҳамон сол бошад, вазифаи сардухтури ин марказро то соли 2013 бар зимма дошт. Пас аз ба синни нафақа расидан аз фаъолияти дармонбахшӣ дур нашуд. Ҳоло бо дасту дили гарм, нерўву тавонмандӣ баҳри сиҳатии кўдакон заҳмат мекашад, то онҳоро ҳамеша саломату бардам дарёбад.
Хизматҳои шоистааш борҳо бо мукофоту ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти давлативу соҳавӣ, аз ҷумла бо Ифтихорномаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилоят ва Раиси шаҳри Хуҷанд ба таври арзанда қадрдонӣ гардидааст. Духтури дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар идома ҳамоҳангсози муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд Фирўз Комилов низ сухан карда, фаъолияти пурмаҳсули Абдуҷалил Исмиловро шоистаи пайравиву намунаи ибрат хонд. Иброз дошт, ки Абдуҷалил Исмоилов бо дониши амиқу фарох, таҷрибаи бисёрсола, қобилияту малака ва маҳорати баланд, бо дарки масъулияту масъулиятшиносӣ барои пешрафту рушди соҳаи тандурустӣ ҳамчун табиб, роҳбари пурдону соҳибтадбир саҳми арзандаи худро гузошта, ҳоло ҳам дар пешрди соҳа хизмати шоиста анҷом дода истодааст.
Ҳамчунин ҳамкасбону пайвандони Абдуҷалил Исмоилова низ ба сухан баромада, аз хислатҳои хамидаи табиб андешаҳои хешро баён доштанд.
Дар интиҳо Абдуҷалил Исмоилов ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба табибон ва ташкили имконоти ташхису бобат бо шароити шароити муосир изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки дар оянда низ ҳамчун табиб барои салимии ҷомеа хизмати содиқонаву софдилона анҷом медиҳад ва саҳми худро минбаъд низ дар пешрафти соҳа шоиста мегузорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...