30 Апрель 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр дар муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и шаҳри Хуҷанд бо адибон ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” мулоқот баргузор шуд.
Дар маҳфил устодони илму адаб ва шоиру нависандагон, аз ҷумла доктори илмҳои филологӣ Нуралӣ Нурзод, шоир, номзади илмҳои филологӣ, Директори китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов, нависанда, корманди маҷаллаи "Паёми Суғд" Матлубаи Ёрмирзо иштирок ва баромад намуданд.
Таъкид шуд, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҳафтум аст, ки озмуни Ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" доир мегардад.
Ҳадаф аз баргузории озмун тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, аҷр гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, бой гардонидани захираҳои луғавӣ, тақвияти ҷаҳонии маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба шумор меравад.
Сипас иштирокчиён ва ғолибони озмуни ҷумҳурии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баромад намуда, андешаҳои хешро доир ба озмуни мазкур баён доштанд.
Мулоқот бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд